Москва, 30 июли соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар Русия метавонад кумакпулии нави ичтимои пайдо шавад — рухсатии пулаки барои падарон хангоми таваллуди кудак.
Лоихаи конуни дахлдорро муовини спикери Думаи Давлати Борис Чернышов тахия намудааст. Хуччат аллакай ба хукумат барои хулоса фиристода шудааст, хабар медихад РИА Новости.

Тибки ташаббус, ба падарон ё парасторон тибки аризаи онхо рухсатии иловагии пулаки бо давомнокии 14 рузи таквими дода мешавад. Хукук ба чунин рухсати аз лахзаи таваллуди кудак пайдо мешавад ва хамчун як кисми кафолатхои мехнати ба расмият дароварда мешавад.
Дар ёддошти тавзехоти таъкид шудааст: набудани рухсатии махсус барои падар дар айни замон дар системаи дастгирии оила холиги эчод мекунад.
Махз хафтахои аввали пас аз таваллуди кудак яке аз даврахои стресс ва мухимтарин барои модар ва тамоми оила мебошад. Дар ин лахза иштироки волидайни дуюм махсусан мухим аст — на танхо аз чихати эмотсионали, балки аз чихати чисмони.
Ташаббуси Чернишов ба тахкими накши падари ва дастгирии арзишхои оилави нигаронида шудааст.
Бояд кайд намуд, ки чунин амалия аллакай дар як катор Кишвархои Аврупо амал мекунад. Масалан, дар Фаронса ва Испания падарон то 28 рузи рухсатии пулаки, дар Шветсия то 90 руз ва дар Чопон то як сол мегиранд, аммо бо дарачахои гуногуни чуброн.
Агар лоихаи конун тасдик намуда шавад, Русия ба суи низоми одилонаи таксимоти ухдадорихои волидайн ва бехтар намудани сиёсати демографи кадам мегузорад.
Аксхо: Rostislav_Sedlacek / Shutterstock.com.