Душанбе, 06 март, – АИ «Корвон Иттилоот». 3 марти соли 2026 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар ба муносибати 5-солагии таъсисёбии Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони воломақоми мақомоти давлатӣ, доираҳои илмию таҳлилӣ, коршиносон ва шарикони рушд иштирок карданд. Мақсади асосии ҳамоиш ҷамъбасти фаъолияти панҷсолаи Марказ ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди минбаъда буд.
Марказ соли 2021 дар партави сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт. Он иқдоми муҳим дар таҳкими дипломатияи мардумӣ ва густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба дар фазои СҲШ ба ҳисоб меравад.
Сиёсати хориҷии мутавозин ва гуногунсамтаи Тоҷикистон, ки бар принсипҳои «дарҳои боз», эҳтироми мутақобил, баробарҳуқуқӣ ва ҳамкории созанда асос ёфтааст, заминаи устувори ташаккул ва рушди чунин муассисаҳои муассирро фароҳам овардааст. Дар муддати кӯтоҳи таърихӣ Марказ ба минбари муътабари мубодилаи афкор оид ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфт ва дар таҳкими робитаҳои илмӣ, таҳлилӣ ва фарҳангӣ миёни кишварҳои аъзои СҲШ саҳми назаррас гузошт.
Дар ҷараёни ҳамоиш паёми табрикотии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷиддин Муҳриддин қироат гардид. Фаъолияти Марказ ҳамчун омили муассири таҳкими фазои эътимод ва ҳамкории созанда арзёбӣ шуда, зарурати густариши минбаъдаи фаъолияти таҳлилӣ ва илмии он таъкид гардид.

Дар давоми панҷ соли фаъолият Марказ силсилаи чорабиниҳои сатҳи баланд, аз ҷумла конфронсҳои байналмилалиро доир намуд, ки ба нақши Тоҷикистон дар рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва таҳкими арзишҳои «Рӯҳияи Шанхай» бахшида шудаанд.
Як қатор шахсони фаъол бо «Сипоснома»-и Академияи идоракунии давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Доктори илмҳои сиёсӣ, профессор ва Раиси Шӯрои машваратии Марказ Алимов Рашид Қутбиддинович бо «Ифтихорнома» барои ташаббусҳои созанда ва саҳми муассир дар таҳким ва рушди фаъолияти Марказ, инчунин баланд бардоштани нуфузи байналмилалии Академия сарфароз гардид.
Дар соли 2026, ки ба 25-солагии таъсисёбии СҲШ рост меояд, баргузории конфронси байналмилалии «Осиёи Марказӣ — меҳвари СҲШ: 25 соли ҳамкорӣ ба хотири рушди муштарак» аҳамияти вижа дорад.
Дар фарҷом иштирокдорон изҳори итминон карданд, ки Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон минбаъд низ бо такя ба арзишҳои «Рӯҳияи Шанхай» ва эҳсоси баланди масъулияти миллӣ фаъолияти худро ба манфиати таҳкими сулҳу субот, ҳамгироӣ ва рушди устувори минтақа идома хоҳад дод.

Шахсони махсусан сарфарозшуда:
- Аминҷонзода Ғолиб Ҷовидон — сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ;
- Тошев Ҷамшед Шаҳобидинович — муовини директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Академия.
Сарчашмаи акс: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
