Дар Душанбе аксияи экологии «Саҳми ман дар шаҳри ман» бо иштироки «Нозирони сабз» баргузор шуд – ИА Караван Инфо
Дар Душанбе аксияи экологии «Саҳми ман дар шаҳри ман» бо иштироки «Нозирони сабз» баргузор шуд

Душанбе, 01 декабр, – АИ «Корвон Иттилоот». 29 ноябри соли 2025 дар пойтахти кишвар аксияи экологии «Саҳми ман дар шаҳри ман» баргузор гардид, ки ҳадафи он таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ ва дастгирии ташаббусҳои шаҳрии сабзгузаронӣ мебошад.

Ин иқдом дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ амалӣ гардид, ки пайваста барои сабзу обод шудани пойтахт иқдомҳои назаррас роҳандозӣ менамоянд. Дар аксия хонандагони Муассисаи давлатии таълимии — гимназияи ба номи Асадулло Ғуломови ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолона ширкат варзиданд.

Хонандагон ҳамчун «Нозирони сабз» дар ҳудудҳои ба онҳо вобасташуда шанбегӣ гузаронида, қаламравро аз партовҳо пок сохтанд, барг ҷамъоварӣ карданд, ниҳолҳо ва гулҳои ороишӣ шинонданд ва ба ободсозии маҳаллаҳо саҳм гузоштанд. Чунин чорабиниҳо на танҳо ба зебоии шаҳр мусоидат мекунанд, балки дар ташаккули маданияти экологии насли нав низ нақши муҳим мегузоранд.

Аксияи мазкур бори дигар нишон дод, ки ҷалби ҷавонон ва муассисаҳои таълимӣ ҷузъи муҳими барномаҳои экологӣ ва тозагии муҳити зист дар шаҳри Душанбе мебошад.

АКС: АИ «Корвон Иттилоот»

error: