Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии СНГ оид ба маҷмааи агросаноатӣ баргузор мегардад – ИА Караван Инфо
Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии СНГ оид ба маҷмааи агросаноатӣ баргузор мегардад

Душанбе, 15 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот».   Рӯзи 19 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи 37-уми Шӯрои байниҳукуматии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) оид ба маҷмааи агросаноатӣ доир мешавад. Дар ин бора Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Дар кори он роҳбарони сохторҳои соҳавии давлатҳои аъзои СНГ ва намояндагони Кумитаи иҷроияи Иттиҳод ширкат мекунанд. Дар ҷаласа масъалаҳои рушди маҷмааи агросаноатӣ ва дурнамои ҳамкории муштарак мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Иштирокчиён бо мавзеъҳои фарҳангии шаҳри Душанбе шинос шуда, ҳамчунин аз чунин муассисаҳо боздид хоҳанд кард: хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» дар шаҳри Турсунзода, ҶСП «Агротехсервис» дар ноҳияи Ҳисор.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки рӯзи 19 сентябр дар Ҳисор: Симпозиуми байналмилалии илмӣ-амалӣ ва Фестивал-намояндагии гӯсфандони зоти ҳисорӣ баргузор мегардад.

Иштирокдорони ҷаласаи 37-уми Шӯрои байниҳукуматии СНГ дар ин ҳамоишҳо низ иштирок хоҳанд кард.

АКС: аз манбаъҳои кушода

error: