Душанбе, 17 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар пойтахти Тоҷикистон ҳамоиши гирандагони стипендияи Президентӣ таҳти унвони «Ҷавонон — пайравони Пешвои миллат!» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ 340 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе, ки сазовори стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидаанд, иштирок намуданд.

Ҳамоиш дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар он муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ Сайнак, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Сатторзода Дилшод Саймурод, инчунин сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Бобохонзода Раҷабалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон, ҳамчун қишри муҳими ҷомеа, ҳамеша яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Қайд карда шуд, ки таъсис ва густариши стипендияи Президентӣ барои хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин зиёд намудани шумораи гирандагони он, аз ҷумлаи тадбирҳои муҳими давлатӣ дар самти дастгирии ҷавонони лаёқатманд маҳсуб меёбад.
Дар ҷараёни ҳамоиш як қатор гирандагони стипендияи Президентӣ низ суханронӣ намуда, барои дастгириҳои доимии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос карданд. Онҳо изҳор доштанд, ки ҷавобан ба чунин ғамхорӣ кӯшиш менамоянд сатҳи донишу маҳорати худро боз ҳам баланд бардошта, дар оянда барои рушди ҷомеа ва пешрафти Ватани азиз саҳми арзанда гузоранд.
Дар анҷоми ҳамоиш аз ҷониби масъулин ба гирандагони стипендияи Президентӣ дар фазои тантанавӣ шаҳодатнома ва лентаҳои стипендиявӣ тақдим карда шуд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
