Душанбе, 12 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар доираи чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва эълони Рӯзи ҷаҳонии гуштингирӣ, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Федератсияи миллии гуштингирии Тоҷикистон, 22 марти соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштингирӣ баргузор мегардад.

Дар мусобиқа дастаҳо аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, минтақаи Рашт, инчунин тими мунтахаби Федератсияи миллии гуштингирии Тоҷикистон иштирок намуда, барои ба даст овардани медалҳои фахрии мусобиқа мубориза мебаранд.
Мусобиқа тибқи қоидаҳои анъанавии гуштингирӣ баргузор шуда, ғолибони ҳар марҳила бо мукофотҳои арзишманд қадрдонӣ мегарданд. Ба ғолиби асосии мусобиқа бошад, ҷоизаи махсус — автомобил супорида мешавад.
Бояд гуфт, ки мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштингирӣ ҳамасола бо мақсади тарғибу рушди ин навъи варзиши миллӣ дар кишвар, фароҳам овардани шароит барои истироҳати фаъол ва рушди варзиши оммавӣ, таҳкими дӯстӣ байни варзишгарон, баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо, муайян намудани ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон ва ҷалби ҷавонон ба ин намуди варзиш баргузор мегардад.
Қобили зикр аст, ки бисёре аз намудҳои гуштии ҷаҳон маҳз аз гуштингирии миллии тоҷикон сарчашма мегиранд. Дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ин навъи варзиш дорои хусусиятҳо ва суннатҳои хоси худ мебошад. Дар баъзе ҷамоатҳо ва деҳаҳо мусобиқаҳои даставӣ баргузор мешаванд, ки дар онҳо намояндагони ноҳияҳои ҳамсоя иштирок мекунанд. Дастае, ки варзишгаронаш шумораи бештари ғалабаро ба даст меоранд, ғолиби мусобиқа эълон мешавад. Барои гуштигирон чунин мусобиқаҳо на танҳо рақобати варзишӣ, балки нишонаи эҳтиром ба замин, ниёгон ва устодон ба ҳисоб меравад.
Имрӯз тасаввур кардани ҷашнҳои мардумии тоҷикон бе баргузории мусобиқаҳои гуштингирӣ ғайриимкон аст. Таърихи ин навъи варзиш тақрибан се ҳазор сол арзёбӣ мешавад.
Тибқи суннати қадима, мусобиқаҳоро нахуст пирони рӯзгордида оғоз мекарданд ва бо баромади худ ба паҳлавонони ҷавон баракат медоданд. Сипас кӯдакон ба майдон мебаромаданд — ҳатто писарбачаҳои 4–5-сола метавонистанд дар мусобиқа ширкат варзанд. Бозиҳои миллии варзишӣ бозгӯи равшани тамаддун ва таърихи халқи тоҷик буда, баргузории онҳо ба ташаккули худшиносии миллӣ, эҳтиром ба анъанаҳо ва арзишҳои фарҳангӣ миёни ҷавонон мусоидат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки гуштингирии миллии тоҷикон бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақоми байналмилалӣ касб намудааст. Ин мақом дар Вазорати адлияи Швейтсария ба таври расмӣ ба қайд гирифта шуда, барои гуштингирии тоҷикон сертификати байналмилалӣ дода шудааст.
Бо мақсади ба даст овардани ин мақом, 19 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе, қабл аз оғози мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштингирӣ, бо иштироки намояндагони 31 давлати ҷаҳон конфронс баргузор гардид, ки дар он иштирокчиён якдилона аз ин қарор ҷонибдорӣ намуданд.
Дар солҳои истиқлоли давлатӣ, бо шарофати таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии кишвар ба рушди варзиш, бахусус бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, намудҳои миллии варзиш, аз ҷумла гуштингирӣ, рушду такомули нав пайдо карда, мавқеи худро боз ҳам таҳким бахшиданд.
Соли 2015 зимни таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, Пешвои миллат ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки барои тарғиби бозиҳои миллии варзишӣ, ҷалби ҷавонон ба онҳо ва муаррифии намудҳои варзиши тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла гуштингирӣ, тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ҳамчунин, бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, солҳои охир дар пойтахт мунтазам мусобиқаҳои байналмилалии гуштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ҷоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегарданд.
АКС: АИ «Корвон Иттилоот»
