Душанбе, 12 март, – АИ «Корвон Иттилоот». 11 март Имрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Тавре мухбири АИ «Корвон Иттилоот» иттилоъ медиҳад, дар оғози ҳамоиш мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода иброз дошт, ки дар замони муосир воситаҳои ахбори омма яке аз василаҳои асосии таъсиррасон ба шуури ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Ба гуфтаи ӯ, расонаҳо метавонанд афкори умумро шакл диҳанд ва ба таҳкими руҳияву худшиносии миллӣ мусоидат намоянд.
«Қудрати воситаҳои ахбори омма дар ташаккули афкори умум ва сиёсати ҷаҳонӣ ба касе пӯшида нест. Аз ин рӯ, барои ҳифзи ин сарзамин бояд саводи расонаии худро баланд бардорем ва дорои назари таҳлилию интиқодӣ бошем», — таъкид намуд Масрур Абдуллозода.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз дошт, ки имсол ин ҷашни касбӣ дар фазои хосса таҷлил мешавад, зеро соли равон ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд.
Ба гуфтаи вазир, «35 сол қабл халқи тоҷик бо иродаи устувор ва ормони бузург ба бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона оғоз намуд. Дар ин марҳилаи пурпечутоб ва сарнавиштсоз матбуот ҳамеша дар канори давлат ва миллат қарор дошт. Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши матбуотро дар таҳкими давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ борҳо таъкид намуда, зикр кардаанд, ки “матбуот оинаи ҷомеа ва минбари андешаи озод аст ва бояд дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва рушди давлатдорӣ саҳми фаъол гузорад”».
Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ низоми матбуоти миллӣ аз лиҳози шакл, муҳтаво ва таъминот дигаргуниҳои ҷиддиро аз сар гузаронд. Рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ имкон фароҳам овард, ки фазои иттилоотии мамлакат васеъ гардида, дастрасии шаҳрвандон ба иттилои боэътимод бештар шавад.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки имрӯз масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад ва нақши воситаҳои ахбори омма дар ин самт хеле бузург аст. Манфиатҳои миллӣ тақозо менамоянд, ки кормандони соҳаи расонаҳо дар муқовимат бо равандҳои номатлуб ва ҳифзи ҷомеа аз таҳдидҳои иттилоотӣ дар сафи пеш қарор дошта бошанд.
Ҳамзамон баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа, дастгирии рушди анъанаҳои асил ва фарҳанги миллии мардуми Тоҷикистон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими расонаҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ арзёбӣ гардид.
Дар ҷараёни ҳамоиш як зумра фаъолони соҳаҳои матбуот, телевизион, радио ва таҳқиқоти илмӣ бо Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, ҷоизаи Воҳид Асрорӣ (барои донишҷӯён) ва ҷоизаи Асадулло Саъдуллоев барои нашрияҳои беҳтарин қадрдонӣ карда шуданд.
Бо Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Робия Холмирзо, Ҷумахон Файзализода, Мухтор Абдуллоев, Амрулло Забиров, Луқмонҷон Қурбонов ва Алишери Абдумаҷид сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин ба як қатор рӯзноманигорон ва воситаҳои ахбори омма ҷоизаҳо, унвонҳои фахрӣ, «Ифтихорнома» ва «Сипоснома» тақдим гардид.

Ҳамзамон хабарнигорони АМИТ «Ховар» — Фирӯза Давлатзода бо унвони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Марзия Саидзода бо «Ифтихорнома»-и Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди воситаҳои ахбори омма тамоми заминаи ҳуқуқӣ ва шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шуда, онҳо мунтазам такмил дода мешаванд.
Фаъолияти расонаҳо асосан тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо», «Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим карда мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»
