Дар Душанбе бори Аввал форуми байналмилалии “Digital Tajikistan” баргузор гардид – ИА Караван Инфо
Дар Душанбе бори Аввал форуми байналмилалии "Digital Tajikistan" баргузор гардид

Имруз дар Душанбе бори аввал форуми байналмилалии “Digital Tajikistan” баргузор гардид, ки ба тахкими хамкорихои сохави ва рушди инфрасохтори инноватсиони ва раками нигаронида шудааст.

Форум аз чониби Агентии инноватсия ва технологияхои ракамии назди Президенти Чумхурии Точикистон ва бонки Миллии Точикистон ташкил намуда шудааст. Дар кори он зиёда аз 1000 намояндаи ширкатхои пешрафта ва макомоти давлати аз 26 кишвар иштирок намуданд.

Дар Форум имконияти нишон додани иктидори Точикистон дар сохаи ракамикунонии инфрасохтори давлати, хизматрасонихои молияви, инчунин табодули тачриба бо мутахассисони байналмилали дар рушди саноати раками ва савдо пешниход гардид.

Пеш аз Форум Агентии инноватсия ва технологияхои раками Хафтаи Инноватсия ва ракамисозии Точикистонро ташкил намуд.

Максади форум пешбурди технологияхои раками хамчун унсури мухими ракамикунонии кишвар, рушди хидматхои электрони ва хукумати электрони, инчунин чори намудани технологияхои нав, аз чумла финтех, таъмини амнияти кибери ва истифодаи зехни сунъи мебошад.

Президенти Чумхурии Точикистон Мухтарам Эмомали Рахмон таъкид мекунад: “замони Муосир талаб мекунад, ки тамоми равандхои иктисоди ва хизматрасони бо истифода аз технологияхои раками ва иттилоотию коммуникатсиони дар асоси инфрасохтори иттилооти амали намуда шаванд”.

Дар доираи форум вохурихо бо коршиносон баргузор шуданд ва дар бораи рушди ракамисози гузоришхо пешниход намуда шуданд.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: