Дар Душанбе бозии афсонахои Футболи Точикистон ва Русия баргузор мешавад  – ИА Караван Инфо
Дар Душанбе бозии афсонахои Футболи Точикистон ва Русия баргузор мешавад 

Дар Пойтахти Точикистон 22 май бозии дустона байни афсонахои Футболи Точикистон ва Русия баргузор мешавад. Дар ин бора Хадамоти Матбуоти Федератсияи футболи Точикистон (ФФТ) хабар медихад.

Бози дар варзишгохи марказии Чумхуриявии Душанбе баргузор мешавад ва ба рузи чахонии футбол, ки хамасола 25 май чашн гирифта мешавад, бахшида мешавад.

Карор дар бораи таъсиси ин сана аз чониби Ассамблеяи Генералии СММ мохи майи соли 2024 бо ташаббуси президенти ассотсиатсияи футболи Осиёи Маркази (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Точикистон Рустами Эмомали кабул намуда шуд.

Тавре ки дар ФФТ хабар доданд, дар хайати дастаи мунтахаби афсонахои Точикистон футболбозони барчастае иштирок мекунанд, ки дар рушди футболи ватани сахми назаррас гузоштаанд. Дар байни онхо Валерий Турсунов, Олег Ширинбеков, Аслиддин Хабибуллоев, Рахматулло Фузайлов, Акмал Холматов, Рустам Хочаев, Сухроб Хамидов, Тохир Муминов, Субхон Хочамов, Хуршед Махмудов, Одил Эргашев ва дигар бозингарони маъруф мебошанд.

Дастаи мунтахаби афсонахои Русияро дар майдон собикадорони маъруф, ба монанди Ринат Дасаев, Егор Титов, Дмитрий Аленичев, Валерий Шмаров, Сергей Киряков, Элдар Низомутдинов ва дигар варзишгарони машхур, ки каблан рангхои мунтахаби миллии Русияро химоя менамуданд, намояндаги мекунанд.

Интизор меравад, ки ин бози таваччухи васеи мухлисонро ба бор орад ва на танхо як чорабинии варзиши, балки рамзи дустии байни халкхои Точикистон ва Русия, инчунин сахм дар маъмулгардонии футбол дар минтака гардад. Огози бози шоми 22 май ба накша гирифта шудааст.

Вуруд барои тамошобинон ройгон хохад буд.

АКСХО: Федератсияи футболи Точикистон

error: