Душанбе, 06 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе ташриф оварда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми Эрон изҳори ҳамдардӣ ва тасаллият намуд.

Сарвари Ҳукумати мамлакат дар Дафтари изҳори тасаллият, ки имрӯз дар намояндагии дипломатии Эрон дар пойтахти Тоҷикистон боз гардид, сабти худро гузошт.
Дар давоми рӯз шаҳрвандони Тоҷикистон, намояндагони ҳайати дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва инчунин кормандони созмонҳои байналмилалӣ ба сафорат ҳузур оварда, ба мардуми Эрон дар робита ба ҳодисаи фоҷиабор изҳори ҳамдардӣ менамоянд. Ҳозирин дар Дафтари изҳори тасаллият навиштаҷот гузошта, эҳтиром ва ҳамдардии худро нисбат ба наздикону пайвандони қурбониён иброз мекунанд.
Тибқи иттилои намояндагии дипломатӣ, маросими изҳори тасаллият имрӯз дар давоми рӯз идома ёфта, то соати 16:30 идома хоҳад кард.
Ин гуна иқдомҳо дар таҷрибаи дипломатӣ ҳамчун нишонаи ҳамбастагӣ ва эҳтироми давлатҳо нисбат ба кишваре арзёбӣ мешаванд, ки дар чунин лаҳзаҳои душвор қарор дорад.
АКС: Asia-Plus
