Дар Душанбе дави “Дусти” баргузор шуд – ИА Караван Инфо
Дар Душанбе дави "Дусти" баргузор шуд

Санаи 30 ноябр дар Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Хукумати Чумхурии Точикистон якчоя бо макомоти Ичроияи хокимияти давлатии Шахри Душанбе ба ифтихори 32-юмин солгарди баркарор шудани муносибатхои дипломати байни Чумхурии Точикистон ва Чумхурии Хиндустон мусобикаи дави сеюми “Дусти” баргузор гардид.

Максади асосии мусобика таргиби тарзи хаёти солим, маъмулгардонии варзиш ва тахкими дустии байни Точикистон ва Хиндустон мебошад.

Давидан дар ду масофаи 3,3 км ва 7,8 км, бо масир аз ипподроми Наврузгох то чоррохаи кучаи Карамов ва проспекти Хофизи Шерози дар Душанбе гузаронида шуд.

Иштирокчиёни мусобика, хам мардон ва хам занон, ин масофахоро тай намуданд ва голибон ва чоизадорон бо дипломхо ва чоизахои пули мукофотонида шуданд.

Дар чорабинии варзиши кормандони муассисахои давлати, омузгорон ва донишчуёни муассисахои тахсилоти касби, сокинони пойтахт, дустдорони давидан, инчунин чавонон ва варзишгарони Душанбе, донишчуён ва шахрвандони Хиндустон, ки дар Пойтахти Точикистон тахсил ва зиндаги мекунанд, иштирок намуданд.

Муносибатхои байни Точикистон ва Хиндустон хануз дар огози Истиклолияти кишвар, яъне 28 августи соли 1992 баркарор шуда буданд ва аз он вакт инчониб Хиндустон хамчун кишвари дустона барои Точикистон эътироф шудааст.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: