Душанбе, 21 ноябр, – АИ Корвон Иттилоот. Имрӯз дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе — даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид. Тибқи иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ғолибон бо Диплом, мукофотҳои пулӣ ва роҳхат ба даври ҷумҳуриявии озмун қадрдонӣ шуданд.

Дар озмун беш аз 60 нафар ҳунармандон аз чор ноҳияи пойтахт, корхонаҳои ҳунарӣ ва марказҳои истеҳсолӣ иштирок намуда, намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои дастӣ ва маҳсулоти анъанавии худро ба намоиш пешниҳод карданд.
Ташкили чунин озмунҳо барои рушди зебоипарастӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, бозтоби ҳувияти тоҷикӣ ва тарғиби либоси миллӣ аҳамияти ҷиддӣ доранд. Ба гуфтаи масъулон, ин чорабинӣ ҳамзамон имкони ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва таблиғи ҳунарҳои мардумӣ дар арсаи байналмилалиро фароҳам меорад.
Озмун ба насли ҷавон имконият медиҳад то ҳунарҳои аҷдодиро омӯхта, онҳоро ҳамчун мероси бебаҳои фарҳангӣ ба ояндагон интиқол диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки «Барномаи рушди ҳунармандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» бо ҳадафи эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ ва муосир, тақвияти анъанаҳои таърихии ҳунаромӯзӣ ва дастгирии фаъолияти ҳунармандӣ таҳия шудааст. Барнома таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи шуғли пурмаҳсул ва рушди маҳсулоти ҳунарҳои мардумиро ҳадаф қарор додааст.
Бо ҷамъбасти даври шаҳрӣ, беҳтарин ҳунармандони Душанбе акнун роҳхат ба марҳилаи ҷумҳуриявӣ гирифтанд, ки соли оянда баргузор мешавад.
АКС: Телеграмм канали Рустами Эмомалӣ
