Душанбе, 14 март, – АИ «Корвон Иттилоот». 4 апрел дар маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии пойтахт — «Наврӯзгоҳ» — ҷашнвораи бузурги идона таҳти унвони «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад. Ин чорабинии фарҳангиву фароғатӣ ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ташкил гардида, сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанберо ба фазои шодиву анъанаҳои миллии тоҷикӣ фаро мегирад.

Тавре ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеиттилоъ доданд, барномаи идона соати 15:00 оғоз гардида, то 22:00 идома хоҳад ёфт. Интизор меравад, ки фестивал садҳо меҳмонон, ҳунармандон, ҳунармандони халқӣ ва дӯстдорони фарҳанги миллиро ҷамъ оварад.
Дар доираи барномаи асосии ҷашнвора консерти калони идона баргузор мегардад, ки дар он ҳунармандони маъруфи эстрадаи тоҷик бо сурудҳои наву дӯстдоштаи худ баромад мекунанд. Барномаи мусиқӣ бо саҳнаҳои рақсӣ ва намоишҳои ҳунарии гурӯҳҳои эҷодӣ рангу ҷилои хоса хоҳад гирифт.
Ҳамзамон дар ҳудуди маҷмаа намоишгоҳ ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда мешавад. Меҳмонон метавонанд бо намунаҳои гуногуни ҳунармандии анъанавӣ — аз ҷумла кандакорӣ, заргарӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ ва дигар навъҳои ҳунарҳои миллии тоҷикӣ шинос шаванд. Барои дӯстдорони таомҳои миллӣ бошад, гӯшаҳои махсуси таомҳои анъанавӣ ташкил мегарданд, ки дар онҳо хӯрокҳои маъмули тоҷикӣ, шириниҳои миллӣ ва нӯшокиҳои суннатӣ пешкаш карда мешаванд.
Барои фароғати меҳмонон барномаҳои гуногуни шавқовар ва интерактивӣ низ омода гардидаанд. Аз ҷумла, баргузор намудани бозиҳои варзишӣ ва зеҳнӣ, озмунҳо, викторинаҳо ва намоишҳои театрӣ дар назар дошта шудааст. Ин барномаҳо махсус барои он тарҳрезӣ шудаанд, ки меҳмонон на танҳо тамошобин, балки иштирокчии фаъоли ҷашн бошанд.

Барои дӯстдорони анъанаҳои қадимӣ гӯшаи савори асп ташкил карда мешавад, ки дар он меҳмонон метавонанд бо яке аз рамзҳои фарҳанги мардуми тоҷик аз наздик ошно шаванд. Инчунин барои кӯдакон майдончаҳои махсуси фароғатӣ бо бозиҳои гуногун, намоишҳои шавқовар ва барномаҳои аниматсионӣ омода мегарданд, то хурдсолон низ аз фазои идона баҳра баранд.
Фестивали «Dushanbe Navruz Fest» яке аз чорабиниҳои калони фарҳангии пойтахт ба ҳисоб рафта, ҳадафи он тарғиби анъанаҳои Наврӯз, муаррифии фарҳанги миллӣ ва фароҳам овардани фазои дӯстӣ ва шодмонӣ барои сокинону меҳмонони шаҳр мебошад.
Акс: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
