Душанбе, 12 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Аз 11 ноябр то 11 декабр дар Боғи Куруши Кабир меҳмонон метавонанд бо фарҳанг, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Тоҷикистон шинос шаванд ва дар барномаҳои фароғатӣ ва интерактивӣ иштирок намоянд.

Дирӯз, 11 ноябр, дар боғи Куруши Кабир “Кӯчаи туристии мавсимӣ” ифтитоҳ мешавад. Кӯча ҳар рӯз аз соати 11:00 то 22:00 фаъол буда, то 11 декабр идома мекунад. Ин иқдом ба мақсади тарғиби имкониятҳои сайёҳии Душанбе ва муаррифии ҳунарҳои миллӣ ва анъанаҳои фарҳангӣ роҳандозӣ шудааст.
Дар “Кӯчаи туристии мавсимӣ” меҳмонон метавонанд маҳсулоти ҳунарҳои мардумиро бинанд ва харидорӣ намоянд: резьбаи чӯб, зиннатҳои ҷавоҳиротӣ, дӯзандагӣ бо гулҳо, гилпазӣ, чакан, ковроткачӣ, рассомӣ ва дигар ҳунарҳои анъанавӣ.
Ҳамзамон, меҳмонон бо таомҳои миллӣ, шириниҳо ва нӯшокиҳои тароватбахш ошно мешаванд ва метавонанд дар бозӣҳои варзишӣ ва зеҳнӣ, озмунҳо, викторинаҳо, намоишҳои цирк ва театрӣ иштирок кунанд. Барои дӯстдорони аксбардорӣ майдончаҳои махсус муҷаҳҳаз карда шудаанд, ки дар он ҷо метавонанд либосҳои миллиро пӯшида ва хотираҳои фаромӯшнашаванда ба даст оранд.
Тавре қайд мешавад, ин иқдом метавонад асоси эҷоди кӯчаи туристии доимӣ дар Душанбе гардад, ки имкониятҳои фарҳангӣ ва сайёҳии пойтахтро васеъ мекунад.
Лоиҳа дар доираи Намоиши байналмилалии сайёҳӣ — Dushanbe International Tourism Exhibition (DITE-2025) амалӣ гардида, ширкати “Ҳафт Иклим Барман” (Ҷумҳурии Исломии Эрон) бо ҳамкории ширкати туристии тоҷикӣ “Саёҳати диёр” онро ба роҳ мондаанд.
АКС: АИ «Корвон Иттилоот»
