Душанбе, 15 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 12 ноябр дар Академияи идоракунии давлатӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази дипломатияи об ифтитоҳ ёфт. Дар маросими ифтитоҳ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд.

Тавре ки Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ дод, ифтитоҳи ин марказ ба 25-солагии дастгирии ибтикори нахустини байналмилалии обии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. Маҳз ба ташаббуси Тоҷикистон соли 2003 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии оби нӯшокӣ» эълон гардида буд, ки қарори он дар ҷаласаи 55-уми Маҷмаи Умумии СММ соли 2000 қабул шуд.
Сироҷиддин Муҳриддин дар суханронии худ таъкид кард, ки таъсиси Маркази дипломатияи об бо самти илмӣ ва таълимӣ як иқдоми муҳим ва саривақтӣ мебошад, ки мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун пешсафи ҷаҳонӣ дар пешбурди сиёсати об ва идоракунии устувори захираҳои об тақвият медиҳад.
Вай ёдовар шуд, ки ибтикорҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми ду даҳсолаи охир ба пояи асосии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об табдил ёфтаанд. Аз ҷумла, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018–2028) ва Конфронси сатҳи баланди СММ оид ба захираҳои об дар шаҳри Ню-Йорк соли 2023, ки Тоҷикистон аз ҳамраисони он буд, намунаи равшани ин иқдомҳост.
Маркази нав ба рушди тадқиқоти илмӣ, тайёр намудани мутахассисон ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об ва экология мусоидат хоҳад кард. Он ҳамчун минбаре барои муколама, мубодилаи дониш ва таҳияи ҳалли муштарак амал мекунад, ки ҳадафаш пешгирии ихтилофҳои вобаста ба об ва истифодаи самараноки захираҳои об дар Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон мебошад.
Ифтитоҳи Маркази дипломатияи об дар Душанбе нишонаи қадами нав дар рушди сиёсати обии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Тоҷикистон дар давоми 25 соли охир худро ҳамчун раҳнамои ҷаҳонӣ дар соҳаи дипломатияи об муаррифӣ кардааст.
Таъсиси маркази мазкур дар назди Академияи идоракунии давлатӣ роҳандозии мактаби миллии дипломатияи обиро таъмин намуда, робитаи илм ва амалияи сиёсати хориҷиро мустаҳкам месозад.
Ин иқдом ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дипломатияи обро ҳамчун унсури муҳими амнияти минтақавӣ, рушди устувор ва ҳамкории байналмилалӣ мешиносад.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
