Душанбе, 17 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Сохтори «ООН-занҳо» презентасияи махсус барои Офиси Агентии Ҷопонии ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон баргузор намуд, ки ба маълумоти асосии статистикӣ, тенденсияҳои ҷорӣ дар соҳаи гендер ва имкониятҳои рушди ҳуқуқу имкониятҳои занон дар кишвар бахшида буд.

Ин вохӯрӣ ба ҳайси майдони муҳими мубодилаи маълумот ва муҳокимаи қадамҳои амалии тақвияти баробарии гендерӣ дар доираи барномаҳои муштараки рушди устувор хизмат намуд.
Дар чорабинӣ намояндагони Сохтори «ООН-занҳо», кормандони Агентии Ҷопонии ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон, инчунин коршиносон ва мутахассисоне, ки дар соҳаи рушди иҷтимоӣ ва сиёсати гендер кор мекунанд, ширкат карданд.
Ҳамоишро роҳбари офиси «ООН-занҳо» дар Тоҷикистон Марзия Байдуллоева ифтитоҳ намуда, аҳамияти истифодаи систематикӣ ва таҳлилии маълумоти гендерӣ ва ба инобат гирифтани он дар барномаҳои рушдро таъкид намуд. Ба гуфтаи вай, сиёсати самараноки рушди устувор бе донистани вазъи воқеӣ, ки занон ва мардон дар соҳаҳои мухталифи иқтисод ва ҳаёти ҷомеа доранд, имконнопазир аст.
Дар рафти презентация ба иштирокчиён маълумоти таҳлилӣ дар чанд самти асосӣ пешниҳод гардид:
- Вазифаҳо ва уҳдадориҳои байналмилалӣ ва миллӣ — иштирок ва амалигардонии кишвар дар ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва стратегияи миллӣ барои рушди ҳуқуқу имкониятҳои занон.
- Статистикаи муосири гендерӣ — нишондиҳандаҳо оид ба вазъи занон ва мардон дар соҳаҳои маориф, шуғл, фаъолиятҳои иқтисодӣ ва қабули қарорҳо.
- Монеаҳои иқтисодӣ — мушкилот ва маҳдудиятҳо, ки занон дар дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ, имкониятҳои соҳибкорӣ ва бозори меҳнат дучор мешаванд.
- Имкониятҳои нав барои занон — рушди соҳибкорӣ, барномаҳои инноватсионӣ, таълим ва иштироки васеи занон дар соҳаҳои гуногуни иқтисод.
Дар доираи муҳокимаи кушода иштирокчиён роҳҳои амалӣ кардани ҳадафҳои гендерӣ дар лоиҳаҳои рушди инфрасохтор, идоракунии хатарҳои офатҳои табиӣ ва кишоварзӣ-ро баррасӣ карданд. Тавсифи талабот ва эҳтиёҷоти занон ва мардон дар амалӣ намудани чунин барномаҳо самаранокӣ ва устувориро афзун менамояд.

Вохӯрӣ ҳамчунин ҳамчун қадами муҳим дар татбиқи Ёддошти ҳамкорӣ, ки ба наздикӣ байни UN Women ва Офиси Japan International Cooperation Agency дар Тоҷикистон имзо шудааст, хизмат кард.
Намояндагони ҳарду ҷониб таъкид карданд, ки ҳамкорӣ ба тақвияти минбаъдаи нишондиҳандаҳои гендерӣ дар барномаҳои рушд, васеъ намудани иштироки занон дар ҳаёти иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ ва дастгирии рушди устувору фарогир дар Тоҷикистон равона мешавад.
Дар охири вохӯрӣ тарафҳо ҳамкории дарозмуддат ва наздикро барои мубодилаи таҷриба, рушди лоиҳаҳои муштарак ва тақвияти нақши таҳлили гендерӣ дар барномаи планкунии лоиҳаҳои байналмилалӣ таъкид намуданд.
АКС: UN Women Tajikistan
