Душанбе, 14 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар оянда дар маҳали Донишкадаи инноватсионии Душанбе шаҳраки муосири донишҷӯён — Кампус — бунёд хоҳад шуд. Ин шаҳрак аз биноҳои намунавӣ ва муосир иборат хоҳад буд ва ҳамаи инфрасохтори зарурӣ барои зиндагӣ ва таҳсилро фароҳам меорад. Иншоот дар назар дорад, ки ба донишҷӯён шароити комилан мусоид барои таҳсил ва рушди эҷодкорӣ ва инноватсия пешниҳод кунад.

Тавре зимни нишасти матбуотӣ хабар дода шуд, Донишкадаи инноватсионии Душанбе муассисаи нави таҳсилоти олии касбӣ мебошад, ки бо мақсади рушди таҳсилоти замонавӣ ва татбиқи усулҳои инноватсионӣ таъсис дода шудааст. Мақсад ва вазифаҳои асосии донишкада ин таъмини шароити омӯзиши донишҷӯён бо истифода аз технологияҳои пешрафтаи таълим, омодасозии кадрҳои баландихтисос барои бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ ва мусоидат ба пешрафти иқтисоди кишвар ва рушди илмҳои муосир дар Тоҷикистон мебошад.
Хусусияти фарқкунандаи донишкадаи навтаъсис дар он ифода меёбад, ки он аввалин мактаби олии Тоҷикистон мебошад, ки таҳсили пурра ба забони англисӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон ба донишкада омӯзгорони соҳибназар ва пуртаҷриба аз кишварҳои гуногун ҷалб гардида, имконият фароҳам оварда мешавад, ки донишҷӯён бо стандартҳои байналмилалӣ ва методикаҳои пешрафтаи таълимӣ шинос шаванд.
Дар Донишкадаи инноватсионии Душанбе барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои гуногун бинои нави таълимӣ, лабораторияҳои муосиру муҷаҳҳаз, китобхона, ошхона, меҳмонхона барои донишҷӯён ва дигар шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Ҳамчунин барои фаъолият ва таҳияи корҳои амалӣ марказҳои инноватсионӣ ва лабораторияҳои таҳқиқотӣ мавҷуданд, ки донишҷӯён метавонанд таҷрибаи амалӣ ва малакаҳои эҷодӣ ва технологиро дар муҳити воқеӣ омӯзанд.
Ҳоло дар донишкада 58 нафар донишҷӯён таҳсил доранд ва роҳбарияти муассиса ният дорад, ки шумораи донишҷӯёнро то соли таҳсили 2026-2027 ба 200 нафар расонад. Ин иқдом барои дастрасӣ ба таҳсилоти босифат ва баланд бардоштани малакаи кадрҳои ҷавон дар соҳаҳои стратегӣ аҳамияти калидӣ дорад.

Дар соли 2025 дар донишкада Дафтари миллии ERASMUS MUNDUS кушода шуд, ки имкон медиҳад донишҷӯён ва омӯзгорон ба барномаҳои байналмилалӣ дастрасӣ дошта, таҷриба ва донишро дар сатҳи ҷаҳонӣ тақсим кунанд. Ин иқдом барои баланд бардоштани сифати таълим ва ҳамоҳангсозии он бо стандартҳои ҷаҳонӣ нақши муассир хоҳад дошт.
Донишкадаи инноватсионии Душанбе ҳамчун муассисаи нав дар соли 2024 таъсис ёфта, фаъолияти худро ба рушди инноватсия, таҳқиқот ва тайёр намудани насли ҷавон бо малакаҳои эҷодӣ ва технологияҳои пешрафта равона кардааст. Дар оянда бунёди Кампус ва инфрасохтори замонавӣ имконият медиҳад, ки донишкада ба маркази муҳимми таълимӣ ва инноватсионӣ дар Тоҷикистон табдил ёбад.
АКС: Донишкадаи инноватсионии Душанбе
