Дар Хучанд мусобикаи дустонаи футбол миёни духтарон бахшида ба рузи чавонон ва рузи чахонии футбол баргузор гардид – ИА Караван Инфо
Дар Хучанд мусобикаи дустонаи футбол миёни духтарон бахшида ба рузи чавонон ва рузи чахонии футбол баргузор гардид

Душанбе, 12 май, АИ Караван Инфо. Ба муносибати рузи чавонон (23 май) ва рузи чахонии футбол (25 май) бо ташаббуси кумитаи Ичроияи хизби халкии демократии Точикистон дар шахри Хучанд мусобикаи дустонаи футбол миёни духтарон баргузор гардид. Чорабини бо максади чалби чавонон, бахусус духтарон ба тарзи хаёти солим ва тахкими арзишхои дусти ва вахдат ташкил намуда шуд.

Мусобикаи футбол бо иштироки шаш дастаи духтарон баргузор шуд. Мусобика дар фазои хурсанди ва хаячони варзиши баргузор шуд. Натичаи мусобика чунин аст:

Чои аввал: дастаи «Пешвои мо  – ифтихори мост»

Чои дуюм: дастаи «Чавонон – Пайравони Пешво»

Чои сеюм: дастаи «Чавонони – созандаи миллат»

Ин мусобика, ки бо максади таблиги арзишхои дусти ва вахдат, инчунин чалби духтарон ба варзиш ва тарзи хаёти солим ташкил намуда шудааст, дар сатхи баланд баргузор шуд.

Дастгирии чавонон, хусусан духтарон, кисми мухими сиёсати давлатии Точикистон мебошад. Президент Эмомали Рахмон пайваста ба чавонон, рушд ва хавасмандгардонии онхо таваччух зохир намуда, барои иштироки чавонон дар сохахои гуногун, аз чумла варзиш имконият фарохам меорад.

Ин мусобика намунаи барчастаи рушди варзиши чавонон ва ташаббусхои Хизби Халкии Демократии Точикистон дар татбики сиёсати давлатии ичтимои дар шахри Хучанд мебошад. Чорабини барои чалби минбаъдаи чавонон ба фаъолияти варзиши ва таргиби тарзи хаёти солим намуна хохад буд.

АКСХО: кумитаи ичроияи Хизби Халкии Демократии Точикистон дар шахри Хучанд

error: