Комиссияи Аврупо гузориши панчуми солонаи “Дар бораи волоияти хукук” – ро нашр намуд, ки дар он руйдодхои мухим пайгири намуда мешаванд ва вазъи волоияти хукук дар тамоми кишвархои Иттиходи аврупо чамъбаст намуда мешавад. Дар мачмуъ, тибки бозёфтхои хуччат, ИА нисбат ба 5 соли пеш барои ошкор, пешгири ва халли мушкилоти пайдошуда хеле бехтар омода аст. Фаъолияти хуби бозори ягона ва мухити тичорат, ки ба ракобатпазири ва рушди устувор мусоидат мекунад, кайд намуда мешавад.

Хар сол дар ин гузориш тавсияхои нав барои кишвархои Иттиходи аврупо дохил намуда мешаванд. Соли 2023 68% тавсияхо пурра ё кисман ичро намуда шуданд, ки ин низ нишон медихад, ки ин гузориш ронандаи хакикии ислохоти мусбат гардид.
Нашри соли 2024 инчунин бобхои бахшида ба Албания, Черногория, Македонияи Шимоли ва Сербияро барои дастгирии талошхои ислохоти онхо ва таъмини идомаи кор дар волоияти конун барои рохи минбаъдаи узвият дар ИА пешниход мекунад.
Тибки хулосахои гузориш, дар Иттиходи аврупо ислохоти мухим барои тахкими истиклолияти хокимияти суди огоз ёфт. Аммо, нигаронихои системави дар бораи истиклолияти хокимияти суди нигох дошта мешаванд ва холатхои мушаххаси бад шудани вазъ мушохида намуда мешаванд. Зарурати кафолати расмиёти таъин намудани судяхо, мухторияти прокуратура ва захирахои мувофик вучуд дорад.
Коррупсия низ як мушкили чидди боки мемонад, аммо кишвархои ИА бо он бехтар мубориза мебаранд-захирахо ба потенсиали хадамоти хифзи хукук, макомоти прокуратура ва суди зиёд намуда шуданд. Барои тахкими механизмхои пешгирикунанда ва таъмини тафтишот ва таъкиби самараноки парвандахои коррупсиони амалхои минбаъда заруранд.
Барои бехтар намудани бехатари ва шароити кории рузноманигорон кадамхои мушаххас андешида шуданд ва вазифахо ва салохиятхои якчанд танзимгарони Миллии ВАО васеъ намуда шуданд. Нигаронихо дар бораи идоракунии мустакил ё суботи молиявии ВАО-и давлати, шаффофияти моликияти ВАО, хукуки дастраси ба хуччатхои оммави ва таксимоти шаффоф ва одилонаи рекламаи давлати идома доранд.
Хамчунин, талошхо барои такмили равандхои конунгузори кайд намуда шуданд. Аммо, мушкилот боки мемонанд, аз чумла истифодаи аз хад зиёди расмиёти суръатбахш, сифати конунгузори ва махдудиятхое, ки чомеаи шахрванди ва хомиёни хукук дучор мешаванд.
Тибки назарсанчии охирини махсуси Eurobarometer, беш аз 7 нафар аз 10 шахрванди ИА рози хастанд, ки ИА дар дастгирии волоияти конун дар кишвари худ накши мухим дорад. Такрибан 9 нафар аз 10 шахрванди ИА мухим мешуморанд, ки хамаи кишвархои ИА арзишхои аслии ИА-ро эхтиром кунанд.