Душанбе, 22 май, АИ Караван Инфо. Ба ифтихори рузи чахонии футбол дар варзишгохи Марказии шахри Истаравшан академияи махсуси футболи касби барои кудакон ва наврасон таъсис дода мешавад. Дар ин бора Макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахри Истаравшан хабар доданд.

Таъсиси академия бо дастгирии макомоти махалли ва ташаббуси муассисаи Давлатии “Стадиони Марказии шахри Истаравшан” дар хамкори бо клуби футболи “Истаравшан” имконпазир шуд.
Дар академия наврасони аз 9 то 14-соларо даъват мекунанд, ки
таваччух ба футбол доранд. Барои дарсхо тамоми шароити зарури фарохам оварда шудааст: мураббиён ва мутахассисони ботачриба ба кудакон дар омухтани малакахои касбии варзиш ва мусоидат ба рушди футбол дар минтака кумак мерасонанд.
Волидон даъват намуда мешаванд, ки кудаконро ба фаъолиятхои варзиши чалб кунанд, то онхо аз чихати чисмони ва равони солим бошанд ва ба ин васила рушди футболро дар шахр ва кишвар дастгири кунанд.
Тахсил дар академия комилан ройгон аст.
АКСХО: Макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахри Истаравшан