Дар Казокистон ба додани карзхои имтиёзнок барои бордоршави шуруъ намуданд – ИА Караван Инфо
Дар Казокистон ба додани карзхои имтиёзнок барои бордоршави шуруъ намуданд

ОСТОНА, 31 июл АИ «Караван Инфо». Дар Казокистон барномаи карздихии имтиёзноки майдончахои бордоркуни огоз ёфт, ки онро холдинги “Байтерек” дар якчояги бо ЧДММ “Корпоратсияи карзии Аграри” огоз намуд. Максад: дастгирии бахши чорводори, махсусан корхонахои чорводори.

Барои татбики барнома дар соли 2025 такрибан 50 миллиард тенге чудо намуда шудааст. Карзхо бо 5% солона то як сол дода мешаванд. Истехсолкунандагони махсулоти кишоварзи метавонанд маблагхои бадастомадаро барои хариди чорвои калону хурд, хурок, сузишвори, кисмхои эхтиёти ва тачхизот равона кунанд. Дар айни замон, на камтар аз 70% карз бояд барои хариди чорво сарф намуда шавад.

Иштирокчиёни барнома метавонанд хочагихои дехкони бошанд, ки барои парвариши хайвонот инфрасохтори зарури доранд. Хайвоноти харидашуда бояд дар системаи миллии иттилоотии бахисобгири ба кайд гирифта шаванд ва инчунин ба талаботи мукарраршудаи синну сол ва вазн чавобгу бошанд. Иштирокчиён вазифадоранд, ки маълумоти саршумори худро мунтазам нав кунанд.

Илова бар ин, яке аз шартхои иштирок фуруши на камтар аз нисфи чорвои фарбехшуда ба корхонахои коркарди гушти дохили мебошад.

Акс тасвир шудааст, АИ”Карован Инфо”

error: