ОСТОНА, 30 апрел – АИ Караван Инфо. Казокистон содироти чорвои калонро ба мухлати се мох муваккатан манъ намуд. Ин карорро комиссияи Байнисохави оид ба сиёсати савдои хоричи дар пасманзари болоравии нархи гушти гов кабул намуд.

Дар ин бора дар чаласаи Хукумат, ки дар он динамикаи нархи молхои озукавори барраси шуд, хабар дода шуд. Тибки маълумоти расми, гушти гов аз аввали сол кариб 12% гаронтар шуд, ки ин яке аз омилхои асосии таваррум дар гизо гардид. Барои ба эътидол овардани вазъ ва чилавгири аз болоравии нарххо, макомот тасмим гирифтанд, ки содироти чорворо муваккатан ба хоричи кишвар махдуд кунанд.
Пештар дар иттифоки Гуштии Казокистон дар бораи норасоии саршумор ва гушт дар дохили кишвар изхор доштанд. Дар он чо кайд намуда шуд, ки норасои хусусияти системави дорад ва аллакай ба бозори дохили таъсири чидди мерасонад.
Акс тасвир шудааст, АИ “Караван Инфо”