Остона, 30 июли соли 2025-АИ «Караван Инфо». Дар доираи сафари расмии Токаев ба Чумхурии Туркия, вазири кишоварзи Айдарбек Сапаров бо раиси идораи ширкати туркии Sine Midas Stroy Ахмад Будан гуфтушунид намуд. Чонибхо дурнамои татбики лоихаи бузурги сармоягузори оид ба сохтмони гармхонаи муосири саноатиро дар Шимкент барраси намуданд.

Ахмад Будан хабар дод, ки ширкати Sine Midas Stroy дар якчояги бо Fabe Agro-и полша имконияти огози лоихаи агросаноатиро бо арзиши умумии 120 миллион доллари ИМА тахия мекунад. Иктидори истехсолии ба накша гирифташудаи мачмааи гармхона дар як сол 36 хазор тонна помидорро ташкил медихад.
Казокистон ба чалби сармоягузории баландтехнологи ба бахши аграри манфиатдор аст. Дар навбати худ, мо омодаем, ки дар татбики лоихае, ки ба ташаккули сохаи гармхонаи ба содирот нигаронидашуда дар Казокистон нигаронида шудааст, дастгирии хамачониба расонем”, – таъкид намуд Айдарбек Сапаров.
Дар айни замон корхо оид ба бастани Созишномаи сармоягузори идома доранд, ки шартхои татбики лоиха, хачми сармоягузори ва ухдадорихои тарафхоро муайян мекунад.
Дар натичаи гуфтушунидхо чонибхо омодагии худро барои суръат бахшидан ба имзои созишнома ва огози татбики амалии лоиха дар ояндаи наздик тасдик намуданд.
Сурат: ВК ЧК