Дар Киргизистон ба конунгузори тагйирот ворид намуда шуд, ки ба шахрвандони хоричи имкон медихад, ки дар кишвар, ба истиснои китъахои замин, иншооти сайёхи харидори намоянд. Президенти Чумхури Садир Жапаров ин лоихаи конунро имзо намуд ва бо ин рох имкониятхои навро барои сармоягузорони хоричи дар рушди саноати сайёхии Киргизистон боз намуд.

Акнун хоричиён метавонанд иншооти фарогати дошта бошанд, аммо заминхои зери онхо моликияти давлат боки мемонанд ва танхо барои ичора дастрасанд. Ин икдом ба хавасмандгардонии сармоягузори ба сайёхии кишвар ва рушди инфрасохтори истирохати ва фарогати равона шудааст.
Икдоми ворид намудани тагйирот ба конунгузори аз чониби депутат Балбак Тулобаев огоз ёфт, ки дар бораи зарурати чалби сармоягузории хоричи барои таъсиси курортхои инноватсиони ва рушди сохаи сайёхи изхори назар намуд. Вай ахамияти бунёди инфрасохтори ракобатпазирро таъкид намуд, ки кодир аст хам сайёхон ва хам сармоягузоронро чалб кунад, ки ба рушди иктисодии кишвар таъсири мусбат мерасонад.