Коршиноси сохаи идоракунии захирахои биологи аз Вазорати захирахои табиии Киргизистон Канатбек Дабаев тавассути радио манъи муваккатии чамъоварии якчанд намуди растанихоро эълон намуд, ки шумораи онхо вактхои охир хеле кохиш ёфтааст. Ин ба афзоиши шумораи истифодабарандагони захирахои чангал вобаста аст.
Мувофики карори Хучраи Вазирон аз 28 майи соли 2024 no 270 “Дар бораи чори намудани манъи муваккати (моратория) барои истифодаи намудхои алохидаи олами наботот”, манъи сесола барои тайер намудан ва чамъоварии ашёи хоми гиехии дорувори, техники, хуроквори аз намудхои зерин мукаррар намуда шуд: макротомия (Macrotomia DS), арнебия (Arnebia Forssk), ясентса (Dictamnus L), аконит (Aconitum l) ва луки афлатуни (allium aflatunense b. fedtsch).

“Панч намуди растанихое, ки мораторий ба онхо ворид намуда шудааст, дар айни замон махсусан маъмуланд ва ба таври васеъ чамъовари намуда мешаванд. Мо аз академияи миллии илмхои Киргизистон дар бораи кохиши шадиди хачми ин растанихо ва зарурати мукаррар намудани махдудиятхо мурочиатхои зиёд гирифтем”, – шарх дод К. Дабаев.
У кайд намуд, ки дар асоси ин мурочиатхо ва мониторинги гузаронидашуда, Вазорати захирахои табии карор дар бораи манъи муваккатии истифодаи намудхои зикршудаи растанихоро тахия намудааст.