Душанбе, 06 август, – АИ «Караван инфо». Беш аз 200 варзишгар ва дустдорони истирохати фаъол аз 10 кишвари чахон дар ниммарафони байналмилалии экологии кухи Seven Lakes, ки 2-3 август дар атрофи зебои Хафткул, Панчакент баргузор шуд, иштирок намуданд.

Иштирокчиён дар масофахои 3, 10 ва 21 км аз руи релефи табиии кухи дар формати трейлраннинг ракобат намуданд, ки дар байни чонибдорони экотуризм ва тарзи хаёти солим маъруфияти бештар пайдо мекунад.
Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Хукумати Чумхурии Точикистон – ташкилкунандагони ниммарафон кайд намуданд, ки хадафи асосии чорабини таргиби варзиш, рушди сайёхии экологи ва варзиши, инчунин табодули байналмилалии тачриба байни давандагони касби ва хаваскор мебошад.
Ниммарафони “Хафт кул” идомаи силсилаи бомуваффакияти огози кухи дар минтака буд. Дар соли 2024 чорабинии монанд Хафткул — 2024 зиёда аз 200 иштирокчиро аз 12 кишвар чамъ овард. Он вакт онро Кумитаи хифзи мухити Зист ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии Панчакент дар доираи татбики барномаи Давлатии маърифати экологи барои солхои 2021-2025 ташкил намуданд.

Табиати беназир, хавои тоза ва масири баландкух дар якчояги бо фазои дустона ин чорабиниро на танхо як пули варзиши, балки пули фархангии байни кишвархо ва халкхо гардонид.
Аксхо: Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Хукумати Чумхурии Точикистон