МОСКВА, 19 сентябри соли 2025 АИ «Караван инфо». Дар Пойтахти Лаос Вентян маросими ифтитоҳи машқҳои русия ва лаос “Ларос-2025” баргузор шуд. Тавре, ки Вазорати Мудофиаи Русия хабар дод, низомиёни ду кишвар дар якҷоягӣ амалиёти ҷангиро амалӣ хоҳанд намуд.

Дар машқҳо ҷузъу томҳои округи ҳарбии Шарқӣ ва артиши Халқии Лаос ҷалб карда шудаанд.
Машқҳо якбора ба ду санаи хотирмон 65 — солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Русия ва Лаос ва 50-солагии эълони ҷумҳурӣ бахшида шудаанд. Машқҳо то 25 сентябр давом мекунанд.
Пас аз кушодашавӣ, ба ҷониби Лаос намунаҳои муосири силоҳ ва техникаи қувваҳои Мусаллаҳи Русия нишон дода шуданд. Дар байни онҳо туфангчаҳои нави снайперӣ, маҷмӯаҳои роботӣ, дронҳои заминӣ бо пулемётҳо, инчунин мошинҳои сабуки зиреҳпӯш бо гузариши баланд.
Бояд қайд намуд, ки машқҳои муштараки русия ва лаос ларос аз соли 2019 мунтазам гузаронида мешаванд ва ба таҳкими ҳамкории низомӣ, табодули таҷриба ва баланд бардоштани сатҳи ҳамкории ду артиш равона намуда шудаанд.
Маскав Лаосро ҳамчун яке аз шарикони калидӣ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мешуморад ва Барои Вентян ин ҳамкорӣ омили муҳими таҳкими қобилияти мудофиавӣ боқӣ мемонад.
Аксҳо: хадамоти матбуоти округи ҳарбии Шарқӣ