МОСКВА, 26 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар маркази таърихии Красноярск бостоншиносон кабри оммавиро пайдо намуданд, ки каблан дар бораи он маълум набуд.
Сухан дар бораи бокимондахои хадди аккал 13 нафар меравад, ки такрибан чор аср пеш дар давраи таъсиси остроги Красноярскии дафн намуда шуда буданд.

Дар кучаи Каратанов хангоми иваз намудани шабакахои мухандиси бозёфти гайричашмдошт пайдо шуд. Дар зери рох мутахассисони геоархеологияи Красноярск ба устухонхои одамон дучор шуданд. Пешгуи мекунанд,ки дафн ба асри XVII тааллук дорад.
“Дар ин чо дар харитахои кадими макбара ё маъбад нишон дода нашудааст. Тадкикот идома дорад” гуфт Рохбари гурухи геоархеологи Данил Лисенко. Кисми бокимондахо аллакай ба ташхиси криминалисти равона намуда шудаанд.
Бостоншиносон кайд мекунанд, ки кабристон метавонад ба сахифахои кам омухташудаи таърихи аввали Красноярск равшани андозад. Махсусан рамзи аст, ки кушодашави бо омодаги ба чашни шахр рост омад: Соли 2028 Красноярск 400 сола мешавад.
МАЪЛУМОТ: калъаи Красноярск соли 1628 хамчун мустахкамкунии мудофиави барои химояи марзхои чанубии давлати Русия бунёд намуда шуд.
Асосгузори он Дворяни Андрей Дубенский хисобида мешавад. Гумон меравад, ки дар ибтидо герб ва мухри шахри нав мухри шахсии Шох Иван Грозний буд.
Имруз Красноярск яке аз шахрхои калонтарини Сибир аст ва бозёфтхои бостоншиносон дар маркази таърихии он барои баркарор намудани тасвири хаёти аввалин сокинон кумак мекунанд.
Аксхо: хадамоти матбуоти шахрдори