Душанбе, 26 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар қароргоҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар шаҳри Минск 24 феврал ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори давлатҳои иштирокдори ИДМ назди мақомоти оинномавӣ ва дигар сохторҳои Иттиҳод баргузор гардид.

Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус иттилоъ доданд.
Яке аз масъалаҳои муҳими рӯзномаи ҷаласа иштироки давлатҳои Иттиҳод дар Намоишгоҳи XXXIII байналмилалии китоби Минск буд, ки 17–22 марти соли 2026 баргузор шуда, ба 35-солагии таъсиси ИДМ бахшида мешавад. Ин чорабинӣ ҳамчун минбари густариши ҳамкории гуманитарӣ, таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва муаррифии иқтидори нашрии кишварҳои узв арзёбӣ мегардад.
Аъзои Шӯро маълумотро оид ба иҷрои Харитаи роҳ дар самти татбиқи ташаббусҳои сарони ҳайатҳо дар соҳаи амният баррасӣ карданд. Ҳамчунин натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳамкории соҳавии ИДМ дар ин самт барои соли 2025 ҷамъбаст гардиданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба ҳамоҳангсозии талошҳо ҷиҳати таъмини субот ва муқовимат бо таҳдидҳои муосир равона шуд.
Намояндагони доимӣ пешниҳодҳоро ба лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ, ки 22 майи соли 2026 дар шаҳри Ашхабад баргузор мегардад, муҳокима намуданд. Ҳамзамон, натиҷаҳои татбиқи Нақшаи дурнамои рушди заминаи шартномавию ҳуқуқии ИДМ барои солҳои 2023–2025 ҷамъбаст шуда, самтҳои минбаъдаи фаъолият барои се соли оянда муайян гардиданд.
Дар ҷараёни ҷаласа қарор дар бораи таъини Роҳбари Миссияи нозирони ИДМ дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба қабули Конститутсияи нави Казахстан, ки ба 15 марти соли 2026 таъин шудааст, қабул гардид. Ин иқдом идомаи таҷрибаи назорати равандҳои интихоботӣ дар кишварҳои иштирокдори Иттиҳод ба шумор меравад.

Дар анҷоми ҷаласа ҷониби Россия маҷмуаҳои ҳуҷҷатии «Республикаҳо – ба фронт, 1941–1945»-ро муаррифӣ кард, ки ба саҳми ҷумҳуриҳо дар Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудаанд. Ин муаррифӣ рамзи арҷгузорӣ ба хотираи таърихӣ ва арзишҳои муштараки кишварҳои Иттиҳод арзёбӣ гардид.
Ҷаласаи Минск бори дигар собит сохт, ки ИДМ фаъолияти худро дар самти таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ — аз ташаббусҳои гуманитарӣ то масъалаҳои амният ва рушди ҳуқуқӣ — пайгирона идома медиҳад ва барои солҳои наздик рӯзномаи мушаххаси ҳамкориро ташаккул медиҳад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус
