Душанбе, 24 ноябр, – АИ Корвон Иттилоот. Дар ноҳияи Ванҷ соли 2025 боғҳои нави мевадиҳанда дар масоҳати 46 гектар бунёд ва 14 гектар боғи кӯҳна барқарор карда шуд. Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ хабар медиҳад.

То охири моҳи октябр деҳқонони ноҳия 2205 тонна мева содир карданд. Содироти мева ҳамасола то моҳи декабр идома меёбад ва дар баъзе солҳо то фасли баҳор низ тӯл мекашад. Илова ба усулҳои анъанавии боғдорӣ, кишоварзони ноҳия ба таъсиси боғҳои интенсивӣ низ оғоз кардаанд, ки имкони бештар кардани ҳосилнокиро фароҳам меорад.
Дар ноҳияи Ванҷ ҳамасола заминҳои нав ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида, масоҳати боғҳо зиёд мешавад. Айни замон масоҳати умумии заминҳои ноҳия 2601 гектар буда, беш аз 1080 гектар-и онро боғҳои меваҷот ташкил медиҳанд.
Дар давоми 20 соли охир дар ноҳия 282 гектар замини нав азхуд карда шудааст. Бо вуҷуди ин, масъулон таъкид мекунанд, ки дар соҳаи кишоварзӣ имкониятҳои истифоданашудаи зиёд мавҷуданд.
Имрӯз 85–90 фоиз аҳолии ноҳия ба корҳои кишоварзӣ машғул буда, ин бахш самти асосии рушди иқтисодии Ванҷ ба ҳисоб меравад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ванҷ
