Маркази холатхои фавкулодда ва кохиши хатари офатхои табии пешниход намуд, ки системаи минтакавии огохии барвакти ва атласи ракамии хатархои фаромарзии Кишвархои Осиёи Миёна таъсис дода шавад.

Чунин пешниходи лоиха дар Форуми рушди устувории шахрхо ба офатхои табии (MCR2030) Дар Наннини Чин эълон намуда шуд.
Чорабинии мазкур аз 29 то 31 июли соли 2024 баргузор шуд, ки ташкилкунандагони он бонки Осиёии рушд (БОР) дар якчояги бо Идораи СММ оид ба кохиш додани хатари офатхо (ИКХО СММ) буданд.
Дар форум зиёда аз 60 коршинос аз 16 кишвари чахон, Аз чумла Ветнам, Мугулистон, Корея, Камбоча, Малдив, Филиппин, Тайланд, Покистон, Бангладеш, Чин, Арманистон, Озарбойчон, Точикистон, Киргизистон, Узбекистон, Казокистон ширкат варзиданд, ки дониш ва тачрибаи худро оид ба таъмини устувории шахрхо мубодила намуданд.
Натичаи асосии интизоршудаи Форум муайян намудани имкониятхои сармоягузори барои хамкории ояндаи эхтимоли бо БОР ва ИКХО СММ буд.
Аз хамаи лоихахои пешниходшудаи иштирокчиёни форум, БОР пешниходи эчоди атласи Ракамии хатархои фаромарзии кишвархои ОМ-ро ба худ чалб намуд, ки дар робита ба он дар бораи ташкили хамкории минбаъда дар ин масъала бо тартиби кори созиш ба даст омад.
Ин форум намунаи табодули тачриба, тахияи тавсияхо ва муайян намудани имкониятхои минбаъдаи сармоягузори ва шарики барои таъмини устувории шахрхоро нишон дод.
Бояд кайд намуд, ки чунин атласхо барои бартараф намудани тахдидхо дар русия дар минтакахои гуногун мавчуданд. Вазорати холатхои фавкулодаи кишвархои минтака, инчунин чаласахои форуми минтакавиро баргузор мекунад, ки дар доираи он мачлисхои рохбарони идорахои фавкулодда баргузор мешаванд. Охирин мохи ноябри соли 2023 дар Остона баргузор шуд.