Душанбе, 16 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи нави мавзӯӣ таҳти унвони «Аз Наврӯз то Наврӯз» ифтитоҳ гардид. Намоишгоҳ ба муносибати ҷашни Наврӯз ташкил шуда, боздидкунандагонро бо ашёҳои нави осорхонавӣ, ки дар давоми як сол — аз Наврӯзи соли 2025 то Наврӯзи соли 2026 — ба фонди осорхона ворид гардидаанд, шинос мекунад.

Тавре аз осорхона хабар доданд, дар ин давра фонди муассиса бо 665 адад нигораҳои нав ғанӣ гардидааст, ки онҳо намунаҳои гуногуни мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро дар бар мегиранд. Аз ин шумора 240 адад нигора аз ҷониби фонди осорхона харидорӣ гардида, 182 бозёфтро бостоншиносон ҳангоми корҳои тадқиқотӣ ва ҳафриёт дар ёдгориҳои таърихии саросари кишвар дарёфт намудаанд. Ҳамчунин 243 нигора ба осорхона ҳамчун туҳфа аз ҷониби шахсони алоҳида, муҳаққиқон, коллексионерон ва баъзе сохторҳои давлатӣ супорида шудаанд.
Дар намоишгоҳ нигораҳои гуногун, ки таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик ва фарҳанги ғании онро инъикос мекунанд, ба маъраз гузошта шудаанд. Аз ҷумла, бозёфтҳои бостоншиносӣ, маводи этнографӣ, дастхатҳо, китобҳои литографӣ, тасвирҳои бадеӣ, тангаҳои давраҳои гуногуни таърихӣ, инчунин намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва гулдӯзии анъанавӣ ба тамошо пешниҳод гардидаанд.
Дар байни нигораҳои ҷолибтарин ва нодир ашёҳое низ мавҷуданд, ки бори аввал ба аҳли ҷомеа муаррифӣ мешаванд. Аз ҷумла, гулдӯзии калонҳаҷм, ки аз ҷониби шаш ҳунарманди шаҳри Кӯлоб омода шудааст, аз намунаҳои нодири санъати ороишии халқӣ ба ҳисоб меравад. Ин асар анъанаҳои қадимаи ҳунарҳои мардумии минтақаи ҷануби кишварро таҷассум менамояд.
Ҳамчунин таваҷҷуҳи зиёди мутахассисон ва боздидкунандагонро кӯзаи қадимаи об бо навиштаҷоти бостонии бохтарӣ, ки дар ҷараёни ҳафриёти бостоншиносӣ дар маҳалли Ҳалкаҷар дар ҳудуди ноҳияи Хуросон дарёфт шудааст, ба худ ҷалб мекунад. Ба гуфтаи муҳаққиқон, чунин бозёфтҳо арзиши баланди илмӣ дошта, барои омӯзиши таърих ва робитаҳои фарҳангии тамаддунҳои қадимаи минтақа аҳамияти муҳим доранд.

Ташкилкунандагони намоишгоҳ таъкид мекунанд, ки ин экспозитсия на танҳо нигораҳои нави ба фонди осорхона воридшударо муаррифӣ мекунад, балки фаъолияти фаъоли бостоншиносон, муҳаққиқон ва кормандони соҳаи ҳифзи мероси фарҳангии кишварро низ инъикос менамояд. Ҳар як ашёи ба намоиш гузошташуда як пораи хотираи таърихии миллат буда, аз гузашта ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик ҳикоят мекунад.
Намоишгоҳи «Аз Наврӯз то Наврӯз» то 23 март идома ёфта, дар ин муддат сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд бо намунаҳои нодири мероси моддӣ ва маънавии кишвар, ки ба фонди осорхонаи асосии мамлакат ворид шудаанд, аз наздик шинос шаванд.
АКС: https://osorkhonaimilliidip.tj
