Остона, 22 апрели соли 2025 – АИ «Караван Инфо». Дар Остона финали I озмуни чумхуриявии санъати миллии Серпер баргузор шуд, ки ба маъмулгардонии санъати анъанавии казок ва дастгирии истеъдодхои чавон равона намуда шудааст. Чорабинии мазкур бо дастгирии Вазорати фарханг ва иттилооти ЧК баргузор гардид.

Беш аз 70 нафар иштирокчиён барои озмуне, ки шаш номинатсия ва намудхои гуногуни санъати анъанавии ичроиро дар бар мегирифт, ариза доданд. Пас аз мархилаи интихобии онлайн, 42 озмунчиён ба финал гузаштанд, ки баромадхои худро дар назди хакамони касби пешниход намуданд.
Аз руи натичахои озмуни нихои голибон дар хар як номинатсияи «Домбира», «Кобиз», «Сибизги», «Шертер», «Жетиген» ва «Прима кобиз» муайян намуда шуданд, инчунин барои махорати ичроия ва сахм дар рушди санъати халки дипломхои махсус супорида шуданд.
Иштирокчиёни болаёкаттарин дар Гала-консерти тантанави мукофотонида шуданд, ки ба анчоми дурахшони озмун табдил ёфт ва сарват ва зебоии санъати миллии Казокистонро нишон дод.
Аксхо: Хадамоти Матбуоти Вазорати фарханг ва иттилооти ЧК