Дар Остона конфронси баробарии гендери баргузор шуд – ИА Караван Инфо
Дар Остона конфронси баробарии гендери баргузор шуд

Остона, 25 августи соли 2025-АИ «Караван Инфо». Дар Остона конфронси байналмилалии “30 соли пешрафт: рохи устувор ба баробарии хукук ва имкониятхои занон ва мардон” бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Казокистон ва эъломияи Пекин баргузор шуд.

Ташкилкунандагон комиссияи миллии занон, Вазорати фарханг ва иттилоот, инчунин суди Конститутсиони ва Оли буданд. Иштирокчиён накши Конститутсияро дар таъмини хукуки занон, дастовардхои кишвар дар тули 30 сол дар пешбурди баробарии гендери ва дурнамои татбики эъломияи Пекин барраси намуданд.

Намояндагони созмонхои байналмилали, аз чумла СММ, САХА ва БАТР ислохоти дар Казокистон гузаронидашударо баланд арзёби намуданд. Иштирокчиён ахамияти кушишхои муштаракро барои ноил шудан ба хукук ва имкониятхои баробар барои мардон ва занон таъкид намуданд. Дар натичаи конфронс мачмуаи гузоришхо тахия намуда мешавад, ки дар сайти комиссияи Милли нашр намуда мешавад.

Аксхо: Хадамоти матбуоти Вазорати Фарханг ва иттилооти ЧК

error: