Дар Остона маблағгузории иқлим ва декарбонизатсияи тиҷорат баррасӣ шуд – ИА Караван Инфо
Дар Остона маблағгузории иқлим ва декарбонизатсияи тиҷорат баррасӣ шуд

Остона, 06 марти соли 2026-АИ «Караван инфо». Санаи 5 – уми марти соли 2026 дар Остона, дар толори конфронси Ассотсиатсияи KAZENERGY, семинар-тренинг ташкилоти Озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Миллатҳои Муттаҳид (ФАО) баргузор шуд, ки ба имкониятҳои ҷалби маблағгузории иқлим барои декарбонизатсияи тиҷорати қазоқистон бахшидашудааст.

Чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои миллӣ ва коршиносони сиёсати иқлим ва бозорҳои карбонро муттаҳид намуд. Мавзӯи асосии муҳокима талаботи байналмилалӣ ба лоиҳаҳои иқлимӣ ва имконияти татбиқи онҳо дар доираи созишномаи Париж буд.

Семинарро депутат Ажар Сагандикова кушод, ки аҳамияти дастгирии қонунгузории рӯзномаи иқлимро таъкид намуд.

“Барои Қазоқистон ташаккули муҳити шаффоф ва пешбинишавандаи танзимкунанда барои тиҷорат ва сармоягузорон муҳим аст. Парлумон омода аст ташаббусҳоеро, ки ба рушди бозорҳои карбон ва ҳавасмандгардонии декарбонизатсияи соҳаҳои асосии иқтисодиёт нигаронида шудаанд, дастгирӣ кунад” – гуфт ӯ.

Модератори чорабинӣ директори НОС Green Academy (академияи Сабз, англ.) Бахит Есекина баромад намуд. Ба гуфтаи вай, гузариш ба иқтисоди камкарбон яке аз омилҳои рушди дарозмуддати кишвар мегардад.

“Тағйирёбии камкарбон – на танҳо вазифаи экологӣ, балки масъалаи рақобатпазирии иқтисодӣ низ мебошад. Барои тиҷорат муҳим аст, ки ҳадафҳои иқлимро ба стратегияҳои корпоративӣ ворид кунанд ва механизмҳои молиявии байналмилалиро ҳамчун воситаи навсозӣ истифода баранд”– қайд намуд ӯ.

Яке аз сухангӯёни калидӣ Коршиноси байналмилалӣ Георгий Сафонов аз маркази таҳлилии IDDRI (Институти рушди устувор ва муносибатҳои байналмилалӣ, англ.) (Фаронса)шуд. Гузориши ӯ ба мавзӯи “Тамоюлҳои Ҷаҳонӣ ва пешгӯиҳои рушди камкарбон.Созишномаи Париж”. бахшида шудааст. Коршинос дар бораи динамикаи бозорҳои байналмилалии карбон ва талабот ба сифати лоиҳаҳои иқлим сӯҳбат намуд.

Иштирокчиёни семинар инчунин рушди механизмҳои моддаи 6 созишномаи Париж, таҷрибаи татбиқи лоиҳаҳо дар доираи протоколи Киото, инчунин омодагии Қазоқистонро барои ҳамгироии асбобҳои байналмилалии карбон ба ӯҳдадориҳои навшудаи миллии иқлимӣ муҳокима намуданд.

Диққати махсус ба воситаҳои амалии омодасозии лоиҳаҳои иқлимӣ таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ – расмиёти тасдиқ ва санҷиш, инчунин кейсаҳо дар соҳаи энергетика, хоҷагии ҷангал ва идоракунии устувори чарогоҳҳо дода шуд.

Дар натиҷаи вохӯрӣ иштирокчиён қайд намуданд, ки семинар барои табодули таҷриба байни давлат, тиҷорат ва созмонҳои байналмилалӣ майдони муҳим гардид ва ба тавсеаи имкониятҳои ҷалби сармоягузорӣ ба рушди камкарбонии Қазоқистон мусоидат мекунад.

Дастгирии иттилоотии баргузории чорабинӣ аз ҷониби агентии иттилоотии ИА Караван Инфо расонида шудааст.

Аксҳо: АИ Караван инфо

error: