Душанбе, 05 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Инсоният бо суръати баланд ба «нуқтаи экологии бозгаштнопазир» наздик мешавад, аммо имкони пешгирӣ аз фурӯпошии глобалии экологӣ ҳанӯз боқӣ мондааст. Ин хулоса дар гузориши нави Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист (ЮНЕП) таҳти унвони «Дурнамои глобалии экологӣ, нашри ҳафтум: ояндае, ки мо интихоб мекунем» баён гардидааст.

Дар ҳуҷҷат таъкид мешавад, ки таназзули муҳити зист аллакай ба саломатии инсон, устувории иқтисодҳо ва ояндаи сайёра таҳдиди воқеӣ эҷод мекунад. Ифлосшавии ҳаво ва об, тағйирёбии босуръати иқлим ва коҳиши гуногунии биологӣ ба буҳрони ба истилоҳ «секаратаи сайёравӣ» сабаб шуда, таъсири он дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон эҳсос мегардад.
Бо вуҷуди ин, муаллифони гузориш бар онанд, ки сенарияи фоҷиабор ногузир нест. Калиди пешгирии он дар дигаргунсозии амиқ ва ҳамоҳангшудаи панҷ низоми ба ҳам вобаста — низоми иқтисодӣ ва молиявӣ, энергетикӣ, озуқаворӣ, низоми идоракунии мавод ва партовҳо, инчунин низоми идоракунии муҳити зист — арзёбӣ мешавад. Ба ҳисоби ЮНЕП, чунин ислоҳот то соли 2050 метавонад пешгирии то нӯҳ миллион марги бармаҳалро таъмин намуда, тақрибан 100 миллион нафарро аз фақр раҳо созад ва сатҳи камғизоиро барои 200 миллион инсон коҳиш диҳад.
Дар гузориш диққати махсус ба бознигарии модели рушди кунунӣ ҷалб шудааст, ки асосан ба нишондиҳандаи маҳсулоти умумии дохилӣ такя мекунад. Коршиносон зарурати баҳодиҳии арзиши воқеии захираҳои табиӣ ва хизматрасониҳои экосистемавиро таъкид намуда, ҳамзамон ба таҷдиди тақсимоти субсидияҳои солонае, ки ба табиат зарар мерасонанд, даъват мекунанд.
Рушди босуръати манбаъҳои барқароршавандаи энергия, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, татбиқи принсипҳои иқтисоди даврӣ ва ташвиқи рафтори масъулонаи экологӣ аз ҷониби соҳибкорон ва шаҳрвандон аз самтҳои афзалиятнок номбар шудаанд. Ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ҳамчун пояи асосии рушди устувор арзёбӣ мегардад.
Дар ЮНЕП таъкид мекунанд, ки танҳо равиши ҳамаҷониба, илмӣ асоснок ва ҳамоҳангшуда дар сатҳи ҷаҳонӣ метавонад инсониятро аз убури нуқтаи экологии бозгаштнопазир эмин дорад ва шароити зиндагии арзандаро барои наслҳои оянда ҳифз намояд.
АКС: Вебсайти Новости ООН
