Душанбе, 02 июл, – АИ «Караван инфо». Санаи 30 июни соли 2025 дар Рим (Итолие) Конфронси 44-уми созмони Озукавори ва кишоварзии СММ (ФАО) огоз ёфт, ки то 2 июл идома меебад.
Дар кори Конфронс намояндагони 94 давлат иштирок мекунанд, ки масъалахои асосии таъмини амнияти озукавории сайёра, хифзи системаи агросаноати, муносибати эхтиёткорона ба табиат ва захирахои табии, чалби сармоягузори ва таксимоти самараноки захирахои мавчуда дар бахши аграриро барраси мекунанд.

Ба омодаги ба бухронхои гайричашмдошт, суръат бахшидани равандхои инноватсиони дар парвариши зироатхо, ракамисозии агро-савдо, рушди занчирхои арзиши иловашуда ва таъмини рушди устувори соха диккати махсус дода мешавад.
Вазири кишоварзии Чумхурии Точикистон Курбон Хакимзода дар суханронии худ талошхои Хукумати Точикистонро оид ба рушди низоми агросаноатии мамлакат, ташаббусхои глобали дар самти истифодаи окилонаи захирахои обу иклим ва таъсири мусбати онхо ба хочагии кишлок зикр намуд.
Вай ахамияти тахкими хамкорихои байналмилали ва минтакавиро дар таъмини амнияти озукавори, татбики Хадафхои рушди устувор ва халли вазифахои марбута таъкид намуд.
Дар доираи Конфронс инчунин чаласаи вазирон оид ба дастгирии давлатхои хурди чазира ва давлатхои бе баромадан ба бахр баргузор шуд. Дар он беш аз 55 вазири кишоварзи аз чунин кишвархо, инчунин намояндагони созмонхои байналмилали ва минтакави иштирок намуданд.
Масъалахои баланд бардоштани иктидори истехсоли ва содироти, рафъи окибатхои тагйирёбии иклим, истехсол ва корнамуди махсулоти сабзавот, рушди агротуризм, ракамикунонии сохаи кишоварзи, дастгирии занони дехот, хифзи экосистемахо ва дигар мавзуъхои мубрам барраси шуданд.
Илова бар ин, дар чараёни Конфронс Вазири кишоварзии Точикистон бо Вазири тагйирёбии иклим ва хифзи мухити Зисти Аморати Муттахидаи Араб, Вазири кишоварзии Озарбойчон, директори Генералии ФАО ва дигар шахсони расми мулокот намуд, ки дар чараёни он дурнамои хамкори барраси гардид.
АКСХО: Вазорати кишоварзии Точикистон