Дар Русия афзоиши сафархои автомобили бо максадхои сайёхи аз 26 миллион то 50 миллион дар як сол интизор меравад – ИА Караван Инфо
Дар Русия афзоиши сафархои автомобили бо максадхои сайёхи аз 26 миллион то 50 миллион дар як сол интизор меравад

Дар Русия портали миллии сайёхии “Путешествуем.РФ” бомуваффакият идома дорад. Дар он аллакай 50 хатсайр барои сайёхони автомобили дар 47 минтакаи Русия чойгир аст. Дастурхо дар бораи хатсайрхо ва чозибахои асосии онхо муфассал накл мекунанд, харитаи сафарро бо маълумот дар бораи масофа ва вакти сафар, тавсияхо оид ба шумораи рузхои сафар ва мавсими боздид пешниход мекунанд.

“Бо супориши Президент Владимир Путин, Хукумат консепсияи рушди сайёхии автомобили тахия намудааст. Бо шарофати татбики он, то соли 2030 шумораи чунин сафархо ду баробар афзоиш меёбад – аз 26 миллион то 50 миллион дар як сол. Дар доираи консепсия шароит барои сафар дар роххо фарохам оварда мешавад. 50 хатсайри аввал, ки дар портали “Путешествую.РФ” рохандози шудаанд, чойхои маъмултарини сайёхонро, ки бо мошин ташриф овардан кулай аст, муттахид мекунанд. Дар ин самтхо таваккуфгоххо, кахвахонахо ва мехмонхонахо сохта мешаванд, алокаи мобили ва роххо бехтар намуда мешаванд. Илова бар ин, сарвари давлат дастур дод, ки сохаи сайёхи бо автобусхои истехсоли ватани таъмин намуда шавад, то харчи бештар одамон метавонанд Русияро омузанд ва дар бораи он, аз чумла дар роххои автомобилгард маълумоти бештар гиранд”, – кайд намуд Муовини Раиси Хукумат Дмитрий Чернишенко.

Инчунин, дар соли 2024 интихоби лоихахои сармоягузори оид ба сохтмони мехмонхонахои модули дар минтакахо ба накша гирифта шудааст. Иншоотхо дар наздикии хатсайрхои сайёхии автомобили афзалият доранд. Маблаггузори дар хачми на камтар аз 5 миллиард рубл дар як сол пешбини шудааст.

Инчунин, бо супориши Президенти Русия Владимир Путин, дар ояндаи наздик масъалаи дастгирии истехсоли воситахои наклиёти ватани, аз чумла хонахои автомобили, иншоотхои савдои мобили, тачхизот ва махсулоти барои сайёхии автомобили пешбинишуда барраси намуда мешавад.

“Ман ва минтакахо барои омода намудани чунин хатсайрхо корхои зиёдеро анчом додем, шиносномаи хатсайре тахия намуда шуд, ки бо он субъектхо дар контури раками кор мекунанд. Дар натича, дастурхои дастрас ва чолиб барои сафар бо тамоми оила ба даст оварда шуданд. Онхо ба шумо кумак мекунанд, ки минтакаи худро бехтар шиносед ва гушахои хамсоя ё дигар гушахои кишварро омузед. Дар оянда мо накша дорем, ки як катор хатсайрхоро дар навигаторхои маъмул дастрас кунем, – гуфт Муовини Вазири рушди иктисод Дмитрий Вахруков.

Аксхо: Сомонаи Расмии Хукумати Русия

error: