Дар Русия яхудиёни кухи пешниход намуданд ки дар мактабхои Кафкоз курси диншиноси чори намуда шавад – ИА Караван Инфо
Дар Русия яхудиёни кухи пешниход намуданд ки дар мактабхои Кафкоз курси диншиноси чори намуда шавад

МОСКВА, 06 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Сардори фонди Байналмилалии яхудиёни кухии СТМЭГИ Герман Захаряев бо ташаббуси ворид намудани курсхои диншиноси ба барномаи мактаби баромад намуд.

Ба акидаи у, чунин машгулиятхо ба донишчуён кумак мекунанд, ки бо асосхои динхо, таърих, фарханг ва расму оинхои онхо шинос шаванд.

«Кори оличаноб мешуд агар курсхои диншиноси ташкил намуда мешуд ки он сохахои асосиро дар бар мегирифт. Масалан онро муаллими таърих метавонад омузонад»- гуфт Захарев

Вай таъкид намуд, ки ин равиш ба ташаккули муносибати эхтиромии мактаббачагон ба анъанахои гуногуни дини, хусусан дар минтакахои бисёрмиллати ва бисёрмазхаби, ба монанди Догистон мусоидат хохад намуд.

Пешниход дар заминаи омодаги ба ворид намудани фанни нави “Фарханги Маънави-ахлокии Русия” ба барномаи таълими садо дод. Таълими у дар мактабхои русия аз соли тахсили 2026-2027 огоз меёбад, тибки маълумоти Каблан нашршудаи Вазорати Маорифи ФР.

Бояд кайд намуд, ки Догистон яке аз минтакахои гуногуни Этники ва динии Русия мебошад. Дар ин чо намояндагони даххо халкхо ва конфессияхо, аз чумла мусулмонон, масехиён, яхудиён ва дигар гуруххои дини зиндаги мекунанд.

Ташаббусхое, ки ба муколама ва маърифати байни динхо равона шудаанд, хам аз чониби ходимони дини ва хам аз чониби ташкилотхои чамъияти мунтазам бардошта мешаванд. Масъалаи таълими фарханги дини дар мактаби дуняви дар Русия на соли аввал барраси шуда, вокуниши васеи чамъиятиро ба бор овард.

МАЪЛУМОТ: яхудиёни Кухи гурухи этнолингвистии яхудиён мебошанд, ки таърихан дар Кафкоз, асосан дар Озарбойчон (хусусан дар нохияи Куба шахраки Красная Слобода), инчунин дар Догистон, Чеченистон, Ингушетия, Гурчистон ва дигар минтакахо зиндаги мекунанд. Онхоро аксар вакт чурахо (худнамои) ё яхудиёни кафкоз низ меноманд.

Гумон меравад, ки ниёгони яхудиёни кухи хануз дар даврони Сосониён (асри III – VII мелоди) аз Форс (Эрони муосир) ба Кафкоз кучиданд. Онхо дин (яхудият) ва фарханги махсуси худро нигох дошта, анъанахо ва забони махаллиро аз худ намуданд.

Аксхо аз боигонии шахсии Герман Захаряев

error: