Москва, 16 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Президенти Русия Владимир Путин ба Хукумат ва Думаи Давлати супориш дод, ки то 1 октябри соли 2025 ба конунгузории мехнати тагйирот ворид кунанд.
Супориши дахлдор дар сомонаи Сарвари давлат чойгир намуда шудааст ва ба натичахои форуми байналмилалии иктисодии Петербург, ки 18-21 июн баргузор шуд, асос ёфтааст.

Дар хуччат кайд карда мешавад, ки ислохот бояд дастурхои каблан аз чониби президент додашударо ба назар гиранд ва ба такмили танзими хукуки дар сохаи мехнат равона намуда шаванд.
Сухан дар бораи тагйирот дар бораи тартиби истифодаи изофакори, коидахои муштарак ва инчунин тадбирхо оид ба баланд бардоштани чандирии бозори мехнат меравад.
Интизор меравад, ки тахрири нави меъёрхо хукуки мехнатро ба шароити муосири иктисоди мутобик созад ва онро хам барои корфармоён ва хам барои коргарон кулайтар кунад.
Масъалаи ислохоти конунгузории мехнат дар Русия соли аввал нест. Коршиносон кайд мекунанд, ки меъёрхои мавчуда аз бисёр чихатхо кухна шудаанд ва тагйиротро дар иктисодиёт, аз чумла афзоиши фрилансерхо ва кормандони дурдаст ба назар намегиранд.
Каблан Дар ПМЭФ Владимир Путин таъкид намуда буд, ки тагйирпазирии бозори мехнат ва мутобиксозии меъёрхо ба форматхои нави шугл барои рушди устувори иктисоди ва баланд бардоштани хосилноки зарур аст.
Аксхо аз манбаъхои кушода