Дар Русия мехоханд барои гузоштани гайриконунии нишони “Маъюб” то ним миллион чарима ва аз хукуки ронандаги махрум намоянд. – ИА Караван Инфо
Дар Русия мехоханд барои гузоштани гайриконунии нишони "Маъюб" то ним миллион чарима ва аз хукуки ронандаги махрум намоянд.

МОСКВА, 22 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо».   Дар Думаи Давлати пешниход намуданд, ки чазоро барои истифодаи гайриконунии нишони “Маъюб ” дар мошинхо сахттар кунанд.

Ба акидаи вакилони парлумон, чунин конуншиканихо эътимодро ба низоми ичтимои кохиш медиханд ва барои онхое, ки ба аломат ниёз доранд, мушкилот эчод мекунанд.

Раиси кумитаи мехнат ва сиёсати ичтимои Ярослав Нилов ба хукумат ташаббусеро фиристод, ки тибки он ронандагон барои вайрон намудани дубора аз хукуки идоракунии наклиёт махрум намуда мешаванд.

Илова бар ин, пешниход намуда мешавад, ки чаримахо барои конуншикании аввал баланд намуда шаванд: барои шахрвандон аз 5 то 7,5 хазор рубл, барои шахсони мансабдор то 20 хазор ва барои ташкилотхо то 500 хазор рубл.

Ташаббус, тавре Нилов таъкид намуд, ба химояи хукуки маъюбони саломати ва таъмини тартибот дар истифодаи аломатхои махсус равона шудааст.

Ба гуфтаи у, амалия нишон медихад, ки суиистифода имруз хеле маъмул аст ва чорахои амалкунандаи масъулият на хамеша самаранок мебошанд.

Нишони “Маъюб” дар мошин хукуки таваккуфгохро дар чойхои махсус чудошуда медихад ва инчунин аз баъзе махдудиятхо озод мекунад.

Аммо дар солхои охир холатхои истифодаи гайриконунии он торафт бештар ба кайд гирифта мешаванд, ки ин боиси шикоятхои шахрвандони камхаракат мегардад.

Дар соли 2021, ВКД коидахои истифодаи ин аломатро сахттар намуд, аммо бахс дар бораи чорахои иловагии масъулият идома дорад.

Аксхо аз манбаъхои кушода

error: