Дар шаҳри Ал-Кувайт Форуми саноатӣ, сармоягузорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва Кувайт баргузор гардид – ИА Караван Инфо
Дар шаҳри Ал-Кувайт Форуми саноатӣ, сармоягузорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва Кувайт баргузор гардид

4 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайти Давлати Кувайт дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Форуми саноатӣ, сармоягузорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва Кувайт баргузор шуд. Форумро вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ ва раиси Палатаи савдо ва саноати Давлати Кувайт Эмад Оли Зайд ифтитоҳ намуданд.

Дар кори форум вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ, вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир ва раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муъминзод имкониятҳои сармоягузорӣ, иқтидорҳои саноатӣ ва сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ карданд. Таъкид шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Кувайт бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду кишвар — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ — ба сатҳи хеле баланд расидааст.

Гуфта шуд, ки сарфи назар аз вазъи мураккаби ҷаҳонӣ ва таъсири омилҳои манфии берунӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, суръати рушди он дар бист соли охир ба ҳисоби миёна 7,6%-ро ташкил додааст. Бинобар ин, созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои иқтисоди зудрушдёбанда мешиносанд.

Вазири рушди иқтисод ва савдо зикр кард, ки 75% аҳолии кишвар қувваи кории ҷавон ва маълумотнок буда, 98% энергияи истеҳсолшаванда аз манбаъҳои сабз аст. Тоҷикистон дорои фазои мусоиди сармоягузорӣ мебошад, ки инфрасохтор ва иқтидорҳои зиёд барои сармоягузорӣ дар соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла энергетика, кишоварзӣ, саноати сабук, дорусозӣ, сайёҳӣ, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дорад.

Ҳамчунин имтиёзҳои андозиву гумрукӣ барои сармоягузорони хориҷӣ, бахусус дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, пешниҳод шуд, ки дастгирии ҳамаҷонибаи сармоягузорон аз тарафи давлат афзалияти асосии сиёсати иқтисодии Тоҷикистон аст.

Ба иштирокдорон лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ пешниҳод шуда, сармоягузорони кувайтӣ ба бархе аз онҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд. Таъкид шуд, ки ин иқдом ба таҳкими ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Ҳамчунин, дар форум вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин ва вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҳасанзода Гулнора иштирок доштанд.

Баъди анҷоми форум иштирокдорон аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дидан намуданд. Дар намоишгоҳ меваҳои тару тоза, хушкмеваҳо ва асали экологӣ тоза ба маъраз гузошта шуда, ҳунармандон ва косибон беҳтарин маҳсулоти худро пешниҳод намуданд.

Иштирокдорон аз табиати зебои Тоҷикистон, расму оин ва таърихи куҳани тоҷикон шефта гардиданд. Номгӯи зиёди маҳсулоти саноатии Тоҷикистон, аз ҷумла канданиҳои фоиданок, металлҳои ранга, сангҳои қиматбаҳо, обҳои ташнашикан ва маҳсулоти консервагӣ ба меҳмонон муаррифӣ шуд.

Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи рушди сайёҳӣ то соли 2030 ва барномаи ҳунарҳои мардумӣ амал мекунад, ки ин заминаи устувор барои рушди сайёҳӣ мегузорад.

Ташкили чунин намоишгоҳ бо фарогирии имконоти сармоягузорӣ ва фурсатҳои сайёҳӣ ба рушди ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Кувайт мусоидат мекунад.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ

error: