Дар шаҳри Алматои Қазоқистон ярмаркаи маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон баргузор мегардад – ИА Караван Инфо
Дар шаҳри Алматои Қазоқистон ярмаркаи маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон баргузор мегардад

Душанбе, 04 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар даҳаи сеюми моҳи сентябр дар шаҳри Алматии Ҷумҳурии Қазоқистон ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон баргузор мешавад.

Ин чорабинӣ бо дархости ҷониби Қазоқистон ва бо супориши Раиси Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир мегардад.

Дар ярмарка меваҳои тару тоза, меваҳои хушк, сабзавот, полезиҳо, инчунин маҳсулоти корхонаҳои консервбарорӣ ва шириниҳои миллӣ — қанд, набот, ҳалво, кулча ва дигар анвои маҳсулот ба намоиш гузошта мешаванд.

Ҳадафи баргузории ярмарка тарғиби маҳсулоти экологӣ тоза ва босифати деҳқонони тоҷик, тавсеаи имкониятҳои содиротии минтақа ва таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан, рӯзҳои 16–17 августи соли 2025 дар шаҳри Астанаи Қазоқистон бо супориш ва дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ баргузор гардида буд. Дар он зиёда аз 1000 тонна маҳсулоти истеҳсоли деҳқонон, ҳунармандон ва корхонаҳои саноатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд пешниҳод шуда, таваҷҷуҳи васеи шарикон ва истеъмолкунандагони қазоқистониро ҷалб намуд.

Таҳлилгарон бар онанд, ки чунин ярмаркаҳо на танҳо ба рушди содирот мусоидат мекунанд, балки симои мусбати маҳсулоти тоҷикиро дар бозорҳои хориҷӣ таҳким мебахшанд. Онҳо боис мегарданд, ки эътимоди харидорон боло равад, роҳҳои нави фурӯш боз шаванд ва ҷуғрофиёи ҳузури истеҳсолкунандагони ватанӣ васеъ гардад. Дар баробари ин, чунин чорабиниҳо василаи самараноки дипломатикунонии иқтисодӣ низ ба ҳисоб мераванд.

Ярмаркаи шаҳри Алматӣ идомаи мантиқии ин иқдоми муваффақ буда, имкониятҳои навро барои тарғиб ва рушди маҳсулоти тоҷикӣ дар бозорҳои хориҷӣ фароҳам месозад.

АКС: АМИТ «Ховар»

error: