Дар шаҳри Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон дар доираи мизи мудаввари сатҳи баланд баррасӣ шуданд – ИА Караван Инфо
Дар шаҳри Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон дар доираи мизи мудаввари сатҳи баланд баррасӣ шуданд

Душанбе, 16 март, – АИ «Корвон Иттилоот». 13 марти соли 2026 дар меҳмонхонаи «Краун Плаза»-и шаҳри Душанбе мизи мудаввар таҳти унвони «Натиҷагирии 30-умин Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP30) ва раванди такмили Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда» баргузор гардид.

Чорабинии мазкур ба баррасии натиҷаҳои COP30 ва муайян намудани паёмадҳои онҳо барои раванди такмили Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (NDC 3.0) равона шуда буд.

Чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) ташкил гардида, бо иштироки доираи васеи ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷавонон, доираҳои илмӣ-академӣ, инчунин коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ баргузор шуд.

Мизи мудавварро Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Баҳодур Шерализода, Сафири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон ва Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Судипто Мукерҷӣ ифтитоҳ намуданд.

 Дар ҷараёни чорабинӣ коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ натиҷаҳои асосии COP30-ро муаррифӣ намуда, аз ҷумла ба масъалаҳои тақвияти меъмории молияи иқлимӣ, афзоиши ҳаҷми дастгирии молиявӣ, ва таваҷҷуҳи бештар ба мутобиқшавӣ аҳаммияти махсус доданд. Ҳамзамон, дар доираи мизи мудаввар масъалаҳои марбут ба иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар музокироти иқлимӣ, пешрафти раванди таҳияи NDC 3.0, инчунин пешниҳодҳо ҷиҳати тақвияти сиёсати иқлимии кишвар, аз ҷумла дар самтҳои коҳиш додани партовҳо, мутобиқшавӣ, таҳкими низоми шаффофият (ETF/MRV) ва ҷалби сармоягузориҳои сабз, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки мизи мудаввари мазкур ба майдони муассири мубодилаи афкор ва таҳияи тавсияҳо табдил ёфта, барои таҳкими ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва густариши ҳамкории шарикон ҷиҳати баланд бардоштани устувории иқлимии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим бозид.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: