Дар қӯшунҳои Десантӣ - ҳамлавии Қазоқистон истеҳсоли худии ҲБП-ро рушд медиҳанд
Остона, 22 январи соли 2026 АИ «Караван инфо». Дар қӯшунҳои Десантиву ҳамлаи Қазоқистон дар як моҳ зиёда аз 100 ҳавопаймои бесарнишин сохта шуд. Коргоҳи истеҳсол ва таъмири онҳо моҳи декабри соли 2025 ба кор шурӯъ намуд, хабар дод Вазорати мудофиаи ҶҚ.

Хизматчиёни ҳарбӣ даври пурраи корҳоро аз ҷамъоварӣ то озмоишҳо аз худ намуданд. Соли 2026 дар заминаи маркази таълимии ДШВ омодасозии операторҳои ҲБП оғоз меёбад.
Воҳидҳои бесарнишин аллакай дар машқҳои “Десант-2025” аз “таъмиди ҷангӣ” гузашта, вазифаҳои иктишоф ва ислоҳи оташро иҷро намуданд.
Сурат: ВМ ҶҚ
