Душанбе, 14 март, – АИ «Корвон Иттилоот». 13 март дар Донишгоҳи давлатии педагогии Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо номи «Таълим ва илм дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон: ҳудудҳои нави ҳамкорӣ» баргузор гардид. Дар ин бора аз маркази матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Форум бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Вазорати таҳсилоти олии касбӣ, илм ва инноватсияи Узбекистон ташкил гардида, ҳамчун майдони муҳим барои гуфтугӯи илмӣ ва академӣ, инчунин густариши ҳамкориҳо байни донишгоҳҳои ду кишвар хизмат мекунад.
Ҳадафи чорабинӣ тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва илм, рушди робитаҳои академӣ, мубодилаи таҷриба ва ташаккули фазои ягонаи таҳсилотӣ байни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи форум Вазири маориф ва илми Тоҷикистон таъкид кард, ки чунин чорабиниҳо на танҳо ба рушди робитаҳои байнидонишгоҳӣ мусоидат мекунанд, балки шароити мусоидро барои наздикшавии мардумони бародар ва тақвияти робитаҳои гуманитарӣ фароҳам меоранд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки Ӯзбекистон яке аз шарикони калидии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва илм мебошад ва ҳамкории ду кишвар бар пояи заминаи қонунӣ ва созишномаҳои байнидавлатӣ ташкил шудааст.
Вазири таҳсилоти олии касбӣ, илм ва инноватсияи Узбекистон Кунгратбой Шарипов зикр намуд, ки дар солҳои охир ҳамкории илмӣ ва таҳсилотӣ байни донишгоҳҳои ду кишвар ба таври назаррас густариш ёфта, имконият фароҳам оварда шудааст барои таҳқиқоти муштарак, мубодилаи донишҷӯён ва омӯзгорон, инчунин татбиқи барномаҳои таҳсилоти муштарак. Ба назари ӯ, форумҳои ректорон имконияти беҳтарин барои мубодилаи таҷриба, муҳокимаи масъалаҳои ҷорӣ дар рушди таҳсилоти олӣ ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ байни донишгоҳҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон фароҳам меоранд.
Сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов таъкид намуд, ки муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар солҳои охир ба сатҳи нави рушд расидаанд ва соҳаи таҳсилот ва илм дар ин раванд нақши калидӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, густариши ҳамкории донишгоҳҳои ду кишвар ва татбиқи барномаҳои муштараки илмӣ ва таҳсилотӣ ба тақвияти робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ ва рушди устувори минтақа мусоидат мекунад.
Таъкид гардид, ки имрӯз ҳамкории донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон фаъолона рушд карда, хусусияти амалӣ касб кардааст. Барномаҳои мубодилаи академӣ, лоиҳаҳои таҳсилоти муштарак ва таҳқиқоти илмӣ васеъ татбиқ мешаванд, ва баргузории форумҳои ректорон, конфронсҳои илмӣ ва чорабиниҳои байналмилалӣ ба густариши робитаҳои мустақими донишгоҳҳо мусоидат мекунад. Гузаронидани ду форуми қаблии ректорон дар Душанбе ва Тошканд, таъсиси факултаи муштарак байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд, инчунин татбиқи барномаҳои мубодилаи донишҷӯён ва омӯзгорон, мисолҳои равшани тақвияти робитаҳои илмӣ ва таҳсилотии ду кишвар мебошанд.
Маълум шуд, ки то имрӯз донишгоҳҳои Тоҷикистон зиёда аз 100 созишномаи ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Ӯзбекистон имзо кардаанд, ки заминаи устувор барои рушди минбаъдаи ҳамкории илмӣ ва академии ду давлатро фароҳам меорад.

Дар доираи форум ректорони як қатор донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баромад намуданд, ки дар он масъалаҳои асосии рушди ҳамкории илмӣ, густариши барномаҳои муштараки таҳсилотӣ, тақвияти фаъолиятҳои тадқиқотӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ муҳокима шуданд. Ҳамзамон маросими имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ байни донишгоҳҳои ду кишвар баргузор гардид, ки ин ба рушди робитаҳои академӣ ва барномаҳои муштараки таҳсилотӣ мусоидат мекунад.
Иштирокчиёни форум таъкид карданд, ки густариши ҳамкории донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аҳамияти бузург барои рушди илм ва таҳсилот, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва тақвияти муносибатҳои дӯстонаи ду давлат дорад.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
