Дар Тоҷикистон истеҳсоли семент дар 9 моҳи соли ҷорӣ афзоиш ёфт
Душанбе, 12 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар давраи январ — сентябри соли 2025 дар Тоҷикистон зиёда аз 3,7 миллион тонна семент истеҳсол шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 512,1 ҳазор тонна ё 15,8% зиёд мебошад.

Тибқи маълумоти расмӣ, афзоиши истеҳсоли семент дар ҷумҳурӣ натиҷаи муҳимтарин лоиҳаҳои саноатӣ, модернизацияи корхонаҳо ва афзоиши талабот ба маҳсулоти сохтмонӣ мебошад. Ин рақам нишон медиҳад, ки соҳаи саноати масолеҳи сохтмонӣ дар Тоҷикистон рушд карда, дар таъмини ниёзҳои дохилӣ ва содиротӣ нақши назаррас дорад.
АКС: аз манбаъҳои боз
