Дар Тоҷикистон озмун барои дарёфти грантҳои Президенти кишвар ҷиҳати дастгирии соҳибкории занон эълон гардид – ИА Караван Инфо
Дар Тоҷикистон озмун барои дарёфти грантҳои Президенти кишвар ҷиҳати дастгирии соҳибкории занон эълон гардид

Душанбе, 12 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунро барои дарёфти грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкории занон дар соли 2026 эълон намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи мазкур хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки ҳамасола барои занони соҳибкор грантҳои президентӣ ҷудо мегарданд, ки ин иқдом ба занони Тоҷикистон имконият фароҳам меорад, то фаъолияти соҳибкории худро рушд дода, дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ саҳми бештар гузоранд.

Аз ҷумла, грантҳо барои татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои эҳё ва рушди ҳунарҳои миллии мардумӣ, таъсиси коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ, қолинбофӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, коркарди меваҳои хушк, инчунин рушди соҳаи кишоварзӣ пешбинӣ шудаанд.

Тибқи иттилои масъулон, дар соли ҷорӣ 200 нафар занони соҳибкор метавонанд аз ин маблағҳои бебозгашт истифода намоянд. Ин иқдом барои дастгирии ташаббусҳои иқтисодии занон, баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ ва рушди истеҳсолоти хурду миёна дар кишвар аҳамияти муҳим дорад.

Барои иштирок дар озмун довталабон бояд лоиҳаи худро таҳия ва пешниҳод намоянд. Ҳаҷми лоиҳа бояд на зиёда аз 5 саҳифа бошад ва дар барномаи MS Word бо ҳуруфи Times New Roman, андозаи 14, ба забони тоҷикӣ омода гардида, ба талаботи муқарраргардидаи озмун пурра ҷавобгӯ бошад.

Грантҳои президентӣ барои 200 нафар занони соҳибкор дар ҳаҷмҳои гуногун — 40 ҳазор, 50 ҳазор, 60 ҳазор, 70 ҳазор, 80 ҳазор, 90 ҳазор, 100 ҳазор ва 110 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешаванд.

Шахсони хоҳишманд метавонанд барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба нишонии зерин муроҷиат намоянд: шаҳри Душанбе, кӯчаи Академикон Раҷабовҳо, 3.

Телефонҳо барои тамос: 227-91-17, 221-34-71, 227-24-38.Инчунин метавонанд тавассути почтаи электронӣ ба суроғаи info@comwom.tj муроҷиат намоянд.

Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 15 апрел идома меёбад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

error: