Дар Тоҷикистон рушди марказҳои дастгирии технология ва инноватсия баррасӣ гардид – ИА Караван Инфо
Дар Тоҷикистон рушди марказҳои дастгирии технология ва инноватсия баррасӣ гардид

Душанбе, 03 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот».  Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллӣ оид ба иттилооти патентӣ» назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 29–30 октябр семинари миллӣ таҳти унвони «Ҷустуҷӯ дар манбаъҳои иттилооти патентӣ ва рушди марказҳои дастгирии технология ва инноватсия дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Семинар бо ҳамкории Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) ташкил шуд.

Бино ба иттилои мақомоти марбута, чорабинӣ ба мубодилаи таҷриба ва баланд бардоштани сатҳи дониш дар соҳаи моликияти зеҳнӣ нигаронида шуда, рушди зерсохтори инноватсионӣ ва низоми миллии дастгирии ихтироъкорон ва муҳаққиқонро ҳадаф дорад.

Дар кори семинар намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, марказҳои дастгирии технология ва инноватсия (МДТИ), инчунин ихтироъкорон, навоварон ва мутахассисони соҳа иштирок карданд.

Ҳадафи асосии семинар — иҷрои муқаррароти Созишнома миёни Маркази миллӣ оид ба иттилооти патентӣ ва СУМЗ, ки 13 июли соли 2023 ба имзо расида буд, мебошад. Ин санад барои таъсис ва рушди шабакаи марказҳои дастгирии технология ва инноватсия дар Тоҷикистон равона шудааст, ки ба муҳаққиқон ва соҳибкорон имконият медиҳад аз манбаъҳои байналмилалии иттилооти патентӣ ва курсҳои омӯзишӣ истифода баранд.

Дар ҷараёни семинар мавзӯъҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

  • манбаъҳои дорои иттилооти патентӣ;
  • аҳамият ва зарурати таҳқиқоти патентӣ;
  • истифодаи маълумоти патентӣ дар эҷод ва тиҷоратсозии ихтироот.

Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиён бо сертификатҳо сарфароз гардонида шуданд.

Зикр гардид, ки чунин барномаҳо ба рушди иқтидори инноватсионии Тоҷикистон, баланд бардоштани савияи дониш ва ташаккули экосистемаи муосири моликияти зеҳнӣ мусоидат мекунанд.

Акс: Муассисаи давлатии «Маркази миллӣ оид ба иттилооти патентӣ»

error: