Душанбе, 04 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти дақиқро дар бораи заминҷунбии шаби гузашта нашр кард, ки сокинони кишвар онро эҳсос намуданд.

Ба гуфтаи мутахассисон, маркази зилзила дар ҳудуди Афғонистон, тақрибан 236 км ҷанубу ғарбтар аз Душанбе, 80 км дуртар аз ноҳияи Шаҳритус (вилояти Хатлон) ва 322 км аз шаҳри Панҷакент (вилояти Суғд) ҷойгир буд.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, заминҷунбӣ соати 01:29 шаби 3 ноябр ба вақти Душанбе ба қайд гирифта шуд.
Шиддати ларза дар маркази зилзила ба 6–7 балл расид, дар Душанбе — тақрибан 4 балл, дар Панҷакент — 3 балл.
Сокинони пойтахт, тавре ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода мешавад, аз сабаби давомнокии ларзаҳо ва шиддати он ба ҳарос афтода, баъзеҳо хонаҳои худро тарк карданд.ъ
Мақомот таъкид намуданд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон талафот ва харобӣ сабт нашудааст. Ин зилзила на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон ва Покистон низ эҳсос гардид.
Ба иттилои сейсмологҳои ӯзбек, шиддати заминҷунбӣ 6,8 балл ва дар маркази он то 7 балл буд. Дар вилояти Сурхондарё — 5 балл, дар вилояти Қашқадарё — 3–4 балл, дар Тошканд бошад, 2–3 балл эҳсос гардид.
Сейсмологҳои қазоқ шиддати зилзиларо 6,2 балл арзёбӣ карданд. Дар Шимкент, Жетисой, Шардара ва Мирзакент ларзаҳо то 2 балл сабт гардиданд.
Мақомоти ин кишварҳо хабар доданд, ки ҷонбохтагон ва вайрониҳо ба қайд гирифта нашудаанд.
Дар минтақаи эпицентр, вазъ хеле вазнинтар аст.
Тибқи маълумоти охирин, шумораи ҳалокшудагон дар Афғонистон аз 20 нафар зиёд шудааст, беш аз 200 нафар маҷрӯҳ гардиданд.
Интиқоли осебдидагон ба беморхонаҳо идома дорад ва эҳтимол меравад, ки шумораи ҷонбохтагон афзоиш ёбад.
Афғонистон ва кишварҳои ҳамҷавор, аз ҷумла Тоҷикистон, дар буриши плитахои бузурги тектоникӣ ҷойгиранд, ки ин минтақаи Осиёи Марказиро ба яке аз зилзилахезтарин нуқтаҳои ҷаҳон табдил додааст.
Ёдовар мешавем, ки 31 августи соли 2025 заминҷунбии шиддаташ 6,0 балл дар шарқи Афғонистон, наздики сарҳад бо Покистон, беш аз 2,2 ҳазор нафарро қурбон кард.
Коршиносони байналмилалӣ зарурати тақвияти низомҳои пешгӯӣ ва огоҳии барвақт ва устуворсозии инфрасохтор-ро барои тамоми минтақа муҳим мешуморанд.
АКС: аз манбаъҳои боз
